Демокрит (лот. Δημόκριτος, 460 то м., шаҳри Абдера, Фракия — 370 то м., ҳамон ҷо), файласуфи моддигарои Юнони Бостон, олими энсиклопедист, асосгузори атомизм; шогирди Левкипп ва дӯсти Буқрот (Ҳиппократ).

Демокрит
юн.-қад. Δημόκριτος
Таърихи таваллуд 460-уми то м.[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 360-уми то м.
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ фалсафа
Шогирдон Гиппократ, Metrodorus of Chios[d], Nessas of Chios[d], Protagoras[d] ва Anaxarchus[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Демокрит дар давоми зиндагиаш сафарҳои зиёд намуда (Мисри Қадим, Бобил, Форс, Ҳинд, Ҳабаша), дороии худро дар сафарҳои таҳқиқотӣ сарф кардааст; дар Афина бо Филолайи пифагорӣ ва Суқрот суҳбат доштааст ва бо Анаксагор шинос будааст.

Демокрит берун аз шаҳр дар мазорҳо пинҳоншуда, ба тафаккур мепардохт. Баъзан рафтори мардум дар баробари «тартиби бузурги ҷаҳон» ӯро ба ханда меовард (аз ин ҷо тахаллуси ӯ «файласуфи хандон» аст, бар хилофи Ҳераклит, ки «файласуфи гирён» буд).

Одамон ӯро девона пиндошта, табиби машҳур Буқротро барои муолиҷааш даъват карданд. Аммо Буқрот на танҳо солимии ҷисмию рӯҳии Демокритро тасдиқ намуд, балки донишманди тавоно ва шахсияти бузург будани ӯро таъкид кард.

Демокрит нахустин файласуф ва донишманди Юнони Бостон аст, ки қариб дар аксари соҳаҳои илми замони худ таълифот боқӣ мондааст. Маҷмӯаи осори Демокрит (бо номи «Corpus De mocriteum») дар китобхонаи Искандария мавҷуд буд ва дар садаи I онро наҳвӣ Трасилл ба 13 тетралогия тақсим кард: 1-2 оид ба ахлоқ, 3-6 оид ба физика, 7-9 оид ба риёзӣ, нуҷум ва ҷуғрофия, 9-11 оид ба мусиқӣ, наҳв, фанни шеър, 12-13 оид ба тиб, кишоварзӣ, рассомӣ ва ҳунари ҷангӣ. Бахши махсуси осори Демокритро (берун аз тетралогия) ташкил медиҳанд: «Сабабҳо» (рисолаҳои этиологӣ доир ба метеорология, геология, овошиносӣ, ботаника, зоология, магнетизм) ва шояд «Хотираҳо»-и асили ӯ дар бораи сафарҳояш, бахусус рисола оид ба хатҳои мехии бобилӣ.

Феҳристи муфассали осори Демокритро Диоген Лаэртий (IX, 45-49) маҳфуз доштааст. Адабиёти зиёди қалбакӣ доир ба сеҳру ҷоду, астрология, алкимиё ва тиб мавҷуд аст, ки ба номи Демокрит рабт дода мешавад. Демокрит тақр. 70 асар таълиф карда бошад ҳам, ба ҷуз 300 порча-иқтибосе, ки асосан мазмуни ахлоқӣ доранд, ҳеч асари ӯ маҳфуз намондааст.

Фалсафаи Демокрит вироиш

Таълимоти Демокрит дар бораи маърифат дар доираи таълимоти мактаби Элея — андеша ва донишҳои дихотомӣ ва релятивизми ҳераклитӣ дар робита бо олами хориқулода мебошад. Асосан ду навъи маърифат — «асил» («қонунӣ таваллудёфта») ва «тира» («ғайриқонунӣ таваллудёфта»), яъне хиради назарӣ ва идроки ҳиссӣ вуҷуд доранд. Хирад ҳамчун ҳисси шашум буда, дар ҷое, ки ҳиссиёт кӯр аст, мебинад ва мешунавад. Хирад «дониши дақиқ» дода, ҳиссиёт танҳо «ақидаи ҷорӣ» мебахшад, ки он ҳам ба ҳолати равониву ҷисмонии фард вобастагӣ дорад.

Тамоми сифоти ҳиссӣ субъективианд, аз ин рӯ, сурати олам, ки ҳиссиёт онро ба мо мебахшад, чизе ҷуз ороиши саҳна ё васвасаи ҳазён нестанд (шуури рӯзмарра ҳамчун «девонагӣ»), «инсон аз воқеият дур шудааст», «ҳақиқат дар умқ гӯр шудааст». Демокрит бархилофи шаккокиён шубҳа надорад, ки «ҳақиқати воқеӣ»-и нуҳуфта дар паси падидаҳо вуҷуд дошта, маърифатшаванда аст: он атомҳо ва хало мебошад. Шояд эмпиризми мактаби ионӣ баъдтар бар Демокрит боло гирифта бошад: дар асари пас аз «Қонунҳо» (рисолаи асосии мантиқӣ-маърифатӣ) навиштаи Демокрит бо номи «Ғалабаҳо» эҳсосот «тасдиқ» ё «шаҳодат» -и онеро медиҳанд, ки тавассути ақл дониста мешавад.

Материализми атомистӣ вироиш

Ба андешаи Арасту, таълимоти атомистии Демокрит дар посух бар далелҳои элейиҳо зидди ҳаракат ва касрат пайдо шудааст. Элейиҳо мегуфтанд, ки ҳаракат ва касрати ҳастӣ би дуни халое, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардааст, имкон надорад ва ин халоро онҳо ба адам айният медоданд. Мувофиқи таълимоти Демокрит, ҳастӣ ва нестӣ воқеияти яксон доранд. Ба ҷои вуҷуди воҳиди Парменид, Демокрит мавҷудоти бешуморро дар халои беохир дар назар дорад, дар сурате ки ҳар як ҳиссаи ҳастӣ «тақсимнашаванда» (атомҳо) мебошад.

Атом ба сабаби зичии ҷисмонии худ тақсимнашаванда ва рахнанопазир (адами хало дар он) аст. Атомҳо ҷовидонанд (беоғоз ва нестнашавандаанд), тағйир намепазиранд, аз сифатҳои ҳиссӣ маҳруманд, ҷавҳар («табиат») -и онҳо мутлақо яксон аст. Онҳо танҳо бо андозаву шакл, инчунин бо «иртибот» ва «гардиш»-ҳояшон аз ҳам фарқ мекунанд.

Атомҳо ба таври механикӣ бо роҳи «часпиш» ё «дар ҳампечӣ» метавонанд ба ҳам пайваст шаванд ва муваққатан «бо ҳам бошанд», то замоне, ки зарурати беруние (ананкэ) онҳоро аз ҳам ҷудо насозад. Тибқи қонуни тасвиякардаи Демокрит оид ба сабабияти дутарафа, ҳеч чизе бе ҳеч сабаб, худ ба худ рӯй намедиҳад. Чӣ тавре ки аз ҳамон як ҳарфҳо метавон дар як замон ҳам фоҷиа ва ҳам мазҳака тартиб дод, айнан ҳамин тавр бо роҳҳои гуногуни пайвастшавию тавъамшавии атомҳо тамоми гуногунрангии олами ҳиссӣ тавлид меёбад. Зоҳиран атомҳо «вазн»-и мутаносиби андозаи худ ро доранд, вале на он «вазнинӣ»-е, ки онҳоро водор ба «афтиш» дар хало намояд (ба мисли атомҳои Эпикур). Ҳамин тавр, ба атомҳо ҳаракати бетартиб ба ҳамаи самтҳо хос мебошад, ки дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдану аз ҳам дур шудан ба амал меояд.

Кайҳоншиносӣ вироиш

Таълимоти кайҳоншиноcии атомистии Демокрит (зимнан пайдоиши мавҷудоти зинда ва зинаҳои аввали фарҳанги инсонӣ) дар асарҳои ӯ «Таркиби олами кабир» ва «Таркиби олами сағир» инъикос ёфтааст (асари аввалро танҳо Арасту ва Теофраст ба Левкипп мансуб медонистанд).

Дар зинаи аввал ҷудошавии маҷмӯаи атомҳо дар «халои бузург» рух медиҳад. Дар зинаи дуввум «бо амри зарурат» гирдбод сар мезанад, ки ҳамчун ҷудокунанда (сепаратор) амал мекунад: атомҳои калон дар маркази гирдбод (Замини оянда) гирд омада, атомҳои хурд ба канораҳо «тела дода» мешаванд (моддаи оташини ситораҳои осмон). «Ҳамшабеҳон ба сӯи ҳамдигар майл мекунанд», чун ҳангоми бо ғалбер бехтани тухмҳо.

Тамоми Кайҳон андаруни «парда»-ест, ки дар маркази он Замини «нақорашакл» қарор дошта, дар мадори дуртарин Офтоб, дар мадори наздиктарин Моҳ ва дар байни онҳо сайёраҳо ҷойгиранд. Нахустин мавҷудоти зинда аз гил ба вуҷуд омадаанд. Тибқи қонуни изономия, барои пиндошти он ки олами мо ягона олами мавҷуд аст, ҳеч асосе вуҷуд надорад: дар фазои беохири Кайҳон бояд бисёр оламҳои дигар низ мавҷуд бошанд, зимнан бархе аз онҳо ба олами мо монанд ва бархе дигар аз он фарқ доранд. Дар тӯли замони беохир дар ҳар гӯшаву канори Кайҳон оламҳо падид меоянд, афзоиш меёбанд ва дар натиҷаи васеъшавӣ ба ҳам бархӯрда, нобуд мегарданд. Мас., хурӯҷи вабо дар замин натиҷаи воридшавии сели атомҳои оламҳои фавтида ба фазои он мебошад. Аз нигоҳи Демокрит пайдоиш ва рушди фарҳанги инсонӣ, аз ҷумла хонасозӣ, либосдӯзӣ ва ғ. ба «зарурат» ва «талош барои манфиат» во баста буда, дар ҳунару касбҳо инсон ба табиату ҳайвонот тақлид кардааст (ба анкабут дар бофандагӣ, ба парасту дар хонасозӣ ва ғайра).

Эпистемология вироиш

Мувофиқи таълимоти равоншиносӣ ва назарияи ҳиссиёти Демокрит, рӯҳ (псюхе) бо хирад (нус) айният дошта, аз нозуктарин атомҳои мудаввари «оташ» иборат аст; он ба тамоми фосилаҳои байни атомҳо ворид гардида метавонад ва ниҳоят мутаҳаррик аст. Дар байни ҳар гуна ду атоми ҷисм атоми «рӯҳ» мавҷуд аст, ки онҳоро ба ҳаракат медарорад. Марг натиҷаи «парокандашавӣ»-и рӯҳи фардист, аммо атомҳои «рӯҳ» худ ба худ ҷовидонанд; дараҷаи сусти шуур ҳатто дар ҷасади мурда низ ҳаст. Ба андешаи Арасту, Демокрит тамоми идрокоти ҳиссиро ба ҳисси ломиса, яъне ба робитаи байни атомҳои қабулкунандаи рӯҳ ва «саялон» аз ашё мутааллиқ медонад. Ҳамаи ҷисмҳо ҳамеша суратҳои моддӣ ё «тасвирҳое» аз худ паҳн мекунанд, ки дар ҳаво байни мудрак ва чашм нақш мебанданд; ин нақш ба мисли мавҷ ба чашм ворид шуда, ба мағзи сар дода мешавад. Эҳсосоти ранг ба тафовути шакл ва мувофи қати атомҳо вобаста аст. Овоз дар натиҷаи «таҷзия»-и ҳавои до хи ли ҷисмҳо ба атомҳои ҳамсони якдигар зери таъсири мавҷи садо ба вуҷуд меояд. Эҳсосоти таъм низ ба тафовут ҳои шаклӣ алоқаманд карда мешавад: ҳисси турширо атомҳои «кунҷдор», шириниро атомҳои «гирд» ба вуҷуд меоранд ва ғ. Демокрит бар замми ҳавосси панҷгона мавҷудияти идроки фавқулҳиссиро «дар ҳайвонҳои бенутқ, ҳакимон ва худоён» эътироф мекард. Ҳар гуна тасвирҳои хаёлии дар шуури мо пайдошаванда (аз ҷумла ҳангоми хоб) воқеият доранд. Демокрит боварҳои мардумӣ ба «девҳо»-и дар ҳаво парвозкунандаро ҳамчун «саялон»-тасвирҳои атомҳое таъбир мекард, ки аз ковокиҳо ба инсон ворид мегарданд (хусусан, шабона ва дар ҳолатҳои ваҷд); онҳо метавонанд ояндаро пешгӯӣ кунанд ва ба инсонҳо таъсири нек ё бад расонанд. Аз рӯи баъзе шавоҳид, ин тасвирҳо ба «олами мо» аз фазои кайҳо нӣ ворид мешаванд ва ба туфайли онҳо тасаввуроти бостонӣ дар бораи худоён падид омадаанд.

Этика вироиш

Таълимоти ахлоқиии Демокрит ба саодатталабии равон ши носӣ гароиш дошта, мафҳуми калидии он эвтюмия, «рағ бати рӯҳ» мебошад, ки ғояи ҳаловати рӯҳиро ифода менамояд. «Тақдир» (тюхэ) вуҷуд надорад, инсон соҳибих тиёр аст (новобаста ба сабабияти атомистӣ дар физика), ҳеч гуна шароити берунӣ ӯро бадбахт гардонида наметавонад. Оромии рӯҳӣ танҳо бо роҳи озодшавӣ аз орзуҳои абла ҳона ва умедҳои беҳуда, бартараф кардани тарс аз марг ва азоби гӯр (дар асоси тасаввуроти ғалат дар бораи олам ва Худо), тарҷеҳ додани арзишҳои маънавӣ бар моддӣ, пайравии босубот аз ғояи ахлоқии анъанавии юнонии «андоза» ба даст меояд. Зиндагии файласуф тартиби махсус дорад: файласуф аз тавлиди мисл дурӣ меҷӯяд, дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат намеварзад, дарёфти сабаби як падида барояш арзишмандтар аз гирифтани тахти шоҳи Форс мебошад, ӯ шаҳрванди ҷаҳон аст. Демокритдар соҳаи сиёсат бештар иршодҳои амалӣ медиҳад. Камбағалӣ дар замони мардумсолорӣ ба ҳамон андоза афзал аз сарватмандӣ ҳангоми истибдод аст, ки озодӣ бартар аз ғуломист. Манфиатҳои шаҳр-полис бартар аз ҳама чиз аст, зеро бо марги он ҳама чиз мемирад. Қонунҳо дар сурате барои одамон судманд хоҳанд буд, агар онҳо ихтиёран ба он итоат кунанд: ҳамчун маҷбуркунии зоҳирӣ қонун наметавонад содиркунии гуноҳро дар хилват пешги рӣ намояд. Бинобар ин, Демокрит ҳамеша аз тарбияи ахлоқии шаҳрвандон шикоят мекард, онҳоро ба инсофу виҷдон, «шарм доштан аз худ», «қонун дар ҷон» даъват менамуд, то аз содир кардани рафтори ношоиста дурӣ ҷӯянд. Сарватмандон бояд ба камбағалон дасти ёрӣ дароз намоянд, камбағалон набояд ба сарватмандон ҳасад баранд, зеро «ризо»-и шаҳрвандон гарави наҷоти ҳамагон аст. Ҳасад боиси сар задани инқилобҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ мегардад; дар ҷанги шаҳрвандӣ ғолибон вуҷуд надоранд, зеро ғолибон дар баробари мағлубон онро бохтаанд. Инсоне, ки ба зинаи эвтюмия (ва озодӣ аз ҳасад) расида бошад, на танҳо сарчашмаи хурсандӣ барои худ мебошад, балки гарави сулҳи иҷти моӣ низ мегардад. Демокритна танҳо ба фалсафа ва афкори илмии аҳди бостон, балки ба тамоми даврони баъдӣ низ таъсири бузург расонидааст.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Λαέρτιος Δ. Βίοι καὶ γνῶμαι τῶν ἐν φιλοσοφίᾳ εὐδοκιμησάντων (юн.-қад.) — 0300.
  2. (unspecified title) (фр.) / J. d. Chauffepié — Vol. 2. — P. 298.
  3. Encyklopedie antiky (чеш.)Academia, 1973. — С. 31. — 741 с.


Адабиёт вироиш

  • Маковельский А. О. Древнегреческие­атомисты. Баку, 1946;
  • Асмус В. Ф. Демокрит. М., 1960;
  • Лурье С. Я. Демокрит:­Тексты,­перевод,­исследования.­Л., 1970;
  • Виц Б. Б. Демокрит. М., 1979;
  • Горан В. П. Необходимость­и­случайность­в­философии­Демокрита.­Новосибирск, 1984;
  • Новая­философская­энциклопедия. В 4­х томах. Т.1. М., 2010.

Пайвандҳо вироиш