Деҳоти Турдиев — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Ҳамадони, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҷамоат
Деҳоти Турдиев
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи ноҳияи Ҳамадонӣ
Шомили 5 деҳа
Маркази маъмурӣ Сомониён
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 11 095 нафар (2020)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3315
Нишонаи почта 735370
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ03
Деҳоти Турдиев дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев яке аз Ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳияи Мир Сайид алии Ҳамадонӣ ба шумор рафта аз ҷануб ба масофаи 4500 метр ба давлати исломии Афғонистон, аз тарафи ҷанубу ғарб ба масофаи 4000 метр бо ноҳияи Фархор, аз тарафи шимол ба масофаи 4800 метр бо деҳоти Даштигуло, аз тарафи шарқ ба масофаи 4600 метр бо деҳоти Панҷрӯд ва аз тарафи ҷанубу шарқ ба масофаи 3000 метр бо деҳоти Панҷоб ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии деҳоти ба номи С. Турдиев 24520 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Таърих вироиш

Дар гузаштаҳои дур дар мавзеи имрӯзаи деҳоти ба номи С. Турдиев шаҳристоне бо номи Сайёд ҷойгир будааст. Шаҳристони Сайёд дар натиҷаи тадқиқоти бостоншиносон ошкор гардида, яке аз ёдгориҳои бузурги таърихи гузаштагони халқи тоҷик дониста шудааст. Ёдгории Сайёд ба аҳди Сомониён (асрҳои IХ-Х) шомил буда, бозгукунандаи тамаддуни баланди мардуми Хатлонзамин мебошад. Таҳқиқотҳои бостоншиносӣ собит намудаанд, ки шаҳристони Сайёд дар асрҳои IХ-Х ба ҳокимияти Банҷуриҳои Хатлон дохил буда, бозёфтҳои археологии Сайёд дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд.

Иқтисодиёт вироиш

Заминҳои умумии марзию маъмурии Ҷамоат 2452 гектарро ташкил медиҳанд.[1]

Дар қаламрави деҳот аслан пахтакорӣ, шолипарвари ва обчакорӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдгориҳо вироиш

Номи ин мавзеъ ба шарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Саидқул Турдиев ҳанӯз дар замони шӯравӣ гузошта шудааст ва ин ҷо, дар маркази деҳаи Сомониён нимпайкараи ин қаҳрамон бунёд шуда аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш