Дилбар Умарова (Умарова Дилбар Усмоновна; 26 августи 1949, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2004)[1]. Узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1976).

Дилбар Умарова
Умарова Дилбар Усмоновна
Таърихи таваллуд: 26 август 1949(1949-08-26) (74 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи синамо
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
IMDb: ID 0880807

Зиндагинома вироиш

Дилбар Умарова 26 августи соли 1949 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Бори аввал соли 1957 дар филми «Ман бо духтаре вохурдам»-и «Тоҷикфилм» иштирок карда пешаи ҳунари синаморо интихоб кардааст. Ӯ соли 1971 студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро дар Маскав хатм кардааст. Солҳои 1971—1983 ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва сипас аз соли 1983 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.[2]

Театр вироиш

Дар театр як силсила нақшҳо, аз ҷумла дар спектаклҳои «Дод аз дасти ақл», «Робиаи Балхӣ», «Эй ҷавонӣ, ҷавонӣ», «Охирин арӯси амиралмӯминин», «Васса Железнова», «Марати нодони ман», «Дилшод», «Муаллими рақс» офаридааст.

Синамо вироиш

  • «Достони Рустам» (2 қисм, 1970),
  • «Вақте ки осиё бозистод» (1972),
  • «Тӯфон дар водӣ» (1972),
  • «Субҳи Ганг» (2 серия,1975),
  • «Соҳиби об» (1977),
  • «Боз як шаби Шаҳризод» (1984),
  • «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (5 қисм, 1985),
  • «Ашк ва шамшер» (4 серия,1991).[3]

Ҷоизаҳо вироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (3 сентябри 2004). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Дилбар Умарова(пайванди дастнорас)
  3. Дилбар Умарова, актёры «Таджикфильма»

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.