Дилшоди Барно (1800—1907) — шоир, рӯшанфикр ва таърихнигор ба ҳисоб меравад.

Дилшоди Барно
Таърихи таваллуд: 1800(1800)
Зодгоҳ: Истаравшан, Аморати Бухоро
Таърихи даргузашт: 1907(1907)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар Уротеппа ба дунё омадааст. Хони Қӯқанд Умархон ҳангоми забти Уротеппа (солҳои 1810—1822) Дилшодро бо ҳамроҳии асирон ба Қӯқанд мебарад. Чанде нагузашта Дилшод аз дарбор гурехта, дар хонаи Тошмахдум ном шахс паноҳ меёбад ва баъд зани ӯ шуда, то охири умр дар Қӯқанд мемонад. Шоира дар шеърҳояш беадолатиҳои замонаро сахт мазаммат кардааст. Вай дар Қӯқанд мактабдори номӣ буд ва мувофиқи баъзе маълумотҳо 891 нафар духтаронро саводнок намудааст. Яке аз асарҳои Дилшод «Таърихи муҳоҷирон» мебошад. ӯ дар ин асар тороҷгарӣ ва кушокушиҳои Умархон, баъзе воқеаҳои аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт намудани Осиёи Миёна, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонро инъикос кардааст..[1]

Сарчашма вироиш

  • Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011

Адабиёт вироиш

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.241

Нигаред низ вироиш

Дилшоди Барно//Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ илди 1. — Душанбе,1988