Дорота Рабчевска (лаҳӣ: Dorota Aqualiteja Rabczewska; 15 феврали 1984, Цеханув, Лаҳистон), ки бо номи Дода (лаҳӣ: Doda) ё Doda Elektroda шинохта мешавад, яке аз маҳбубтарин ҳунарпешаҳо дар соҳаи овозхонӣ ва мусиқии попи лаҳӣ мебошад.

Дода
Дорота Рабчевска
Дода дар соли 2017
Дода дар соли 2017
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд лаҳӣ: Dorota Rabczewska
Таърихи таваллуд 15 феврал 1984(1984-02-15) (40 сол)
Зодгоҳ ш. Цеханув
Солҳои фаъолият 19982023[1]
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Навъи садо метсо-сопрано[d]
Сабк мусиқии поп
Ношир(он) Universal Music Group[d]
dodaqueen.com(лаҳс.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дорота Рабчевска дар шаҳри Цеханув таваллуд шудааст ва дар ҳамин ҷо ба мактаби миёна дохил гаштааст. Соли 1991 ба мактаби мусиқӣ дохил шуда, Дорота дар соҳаи пианинонавозӣ таҳсил кард. Ҳоло Дода дар байни мӯътабартарин занҳои Лаҳистон аст. Соли 2004 NetSprint Додаро яке аз 10 занҳои машҳуртарини кишвар зикр кардааст[2]. Маҷаллаи „Newsweek Polska” Додаро дар радифи 50 шахсияти қудратманди Лаҳистон овардааст[3]. Ӯ яке аз зеботарин занҳои Лаҳистон ба шумор меравад[4].

Мукофоту ҷоизаҳо вироиш

  • 2014 – Медал «Барои Хизматҳо» (Цеханув)[5]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш