Долф Лундгрен (шведӣ: Dolph Lundgren; зод. 3 ноябр 1957[1], Spånga[d], Стокҳолм[d] ё Стокҳолм[2]) — яке аз машҳуртарин ҳунарпешагони шведтабор мебошад. Номи аслии ӯ Ҳанс Лундгрен буда, ӯ 3 ноябри соли 1957 дар шаҳри Стокҳолми Шветсия ба дунё омадааст. Ӯро нақши Иван Драго дар филми «Роккӣ 4» (соли 1985), ки дар баробари Силвестр Сталлоне бозида буд, машҳур кард. Аз ин ҷониб ӯ дар бештар аз 30 филм нақшҳо офаридааст.

Долф Лундгрен
швед. Dolph Lundgren
Ном ба ҳангоми таваллуд: швед. Hans Lundgren
Таърихи таваллуд: 3 ноябр 1957(1957-11-03)[1] (66 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: шимидон, ҳунарпеша, коргардони филм, таҳиякунандаи филм, муҳандис, ҷудукор, филмноманавис, мудел, муштзан, karateka, ҳунарпешаи синамо, бодибилдер
Корнома: 1978 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000185
dolphlundgren.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Долф Лунгрен дар Донишгоҳи Шоҳии Технологияи шаҳри Стокҳолм таҳсил намудааст. Ӯ бахши технологияи кимиёи Донишгоҳи Сиднейро (соли 1982) низ хатм кардааст. Инчунин, Лундгрен соли 1983 баъд аз ғолибият дар озмуни Фулбрайт ҳуқуқи дар Донишкадаи технологияи Массачусетс таҳсил намуданро пайдо намудааст, вале онро пас аз ду ҳафта тарк карда, ба ҳунар рӯй овардааст. Долф бо панҷ забон — шведӣ, англисӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ ҳарф мезанад.

Лундгрен камарбанди сиёҳи дараҷаи сеюми каратэи намуди Кёкушинро дорост. Ӯ ду маротиба солҳои 1980—1981 чемпиони Аврупо ва соли 1982 чемпиони Австралия оид ба каратэ гардидааст. Соли 1996 дар Олимпиадаи Атланта Долф сарварии гурӯҳи пентатлони ИМА-ро ба уҳда дошт.

Маснади ҳунарпеша вироиш

Соли 1985, Лундгрен дар нақши аввалини худ бозӣ кардааст. Баъд аз он, аз байни 5000 довталаб ба ӯ имконияти соҳиб шудан ба нақши Иван Драго даст медиҳад ва ӯ дар филми «Роккӣ 4» бо Силвестр Сталлоне нақш меофарад. Долф баъдтар изҳор дошт, ки дар аввал номзадии ӯро аз сабаби ниҳоят зиёд қадбаланд буданаш, рад карда будаанд. Лундгрен дар нақши асосӣ бори аввал дар филми Masters of the Universe (Владельцы Вселенной, 1987) баромад кардааст, лекин ин филм он қадар комёб нагардид ва аз тарафи тамошобинон баҳои баланд нагирифт. Вале баъд аз он Долфро пайваста коргардонҳои гуногун барои бозӣ кардан дар филмҳои жанри экшн даъват мекарданд. Нақши Спецназ дар филми Red Scorpion (Красный скорпион) яке аз онҳост. Солҳои 90-ум Лундгрен дар ин самт нақшофариниро давом медиҳад. Дар солҳои охир, Лундгрен танҳо дар филмҳои хориҷӣ ва каммасраф иштирок намудааст. Ӯ соли 2004 маротибаи аввал ба ҳайси продюсер филми The Defender (Защитник)-ро филмбардорӣ намудааст. Баъд ӯ наворбардории филми The Mechanik (Механик) роҳбарӣ намудааст.

Ҳаёти оилавӣ вироиш

Падари Долф Карл Линдгрен муҳандиси барқ буд. Ӯ дар айни замон узви парлумони Шветсия мебошад. Модараш Бриҷитта Линдгрен муаллимаи забонҳои хориҷӣ мебошад. Долф як бародар ва ду хоҳар дорад. Солҳои 1980-ум Долф бо ҳунарпеша ва сароянда Грейс Ҷонс ишқвварзӣ мекард. Соли 1994, ӯ ба дизайнер Анетта Квиберг хонадор шудааст. Онҳо соҳиби ду духтар: Ида Зигрид Лундгрен (таваллудаш соли 1996) ва Грета Эвелин Лундгрен (таваллудаш соли 2002) мебошанд.

Пайвандҳо вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 filmportal.de — 2005.
  2. 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #130587230 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.


  Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович