Домулло Бобоеволим, муаррих, доктори илми таърих (1984), профессор.

Домулло Бобоев
Домулло Бобоев
Таърихи таваллуд 1 июл 1940(1940-07-01) (83 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ширкатҳои саҳҳомии «Пирӯз» (ш.Душанбе) ва «Интербизнес» (ш. Маскав)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии Душанбе
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Домулло Бобоев факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанберо соли 1962 хатм карда, баъди чанд моҳи муаллимӣ дар н. Нуробод ҳамчун тарҷумон ва мушовир дар Афғонистон зиёда аз њафт сол фаъолият менамояд. Солҳои 1971-1977 дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ Тоҷи-кистон хонда, дар ин љо чун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ заҳмат кашидааст. Солҳои 1982-1984 докторанти Институти шарқшиносии АИ СССР (ш. Маскав) буд, минбаъд дар макотиби олии ҷумҳурӣ дарс додааст. Чандин сол ба ширкатҳои саҳҳомии «Пирӯз» (ш.Душанбе) ва «Интербизнес» (ш. Маскав) роҳбарӣ кардааст. Ба масъалаҳои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият, тарбияи кории одамон, инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ дар мамолики қафомонда, тарбияи ватандӯстии одамон ва ғайра диққат дода, қариб шаст таълифот рӯи даст овардааст.

Осор вироиш

  • Таълими коммунизми илмӣ. – Д., 1975;
  • Ташаккули мењнати коммунистӣ. – Д., 1972;
  • Манбаи инкишофи шахсият. – Д., 1976;
  • Инқилоби миллӣ-озодихоҳӣ. – Д., 1978;
  • Революция и контрреволюция в Афганистане. – Ташкент, 1984;
  • ХХУ съезд КПСС о патриотическом и интернациональном воспитании. – Д., 1978 (соавтор);
  • Труд – основа нравственного формирования Ашхос. – Д., 1980;
  • Физическое воспитание – составная часть воспитания всесторонне развитой Ашхос. – Д., 1978 (соавтор). ва диг.

Манобеъ вироиш

  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008.- С.145-146