Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  — яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти мухтасар вироиш

Донишкада бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ -муҳандисӣ дар шаҳри Душанбе таъсис шудааст[1]. Сарпарасти донишкада Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих вироиш

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо афсарони касбӣ зарурат пеш омад. Аз ин лиҳоз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 ва бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1992 дар пойгоҳи Техникуми геологӣ Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯёни шомилшуда ба Коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши ботантанаи ҳарбӣ фаъолона иштирок намуданд. Таъсисиси Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ — муҳандисӣ ба даврае рост омад, ки дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо гузашти вақт теъдоди муҳасилини Коллеҷ афзуда хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Ҳамзамон доираи фаъолияти колеҷ низ васеъ шуда, бо биноҳои нави таълимӣ таъмин карда шуд. Бо назардошти ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии ҳарбии фармондеҳӣ — муҳандисӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.

Сохтор вироиш

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ мебошад, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат афсарони касбиро омода менамояд. Таҳсил дар ин муассисаи олии ҳарбӣ ройгон ба роҳ монда шуда, чор сол давом мекунад. Хатмкардагони Донишкадаи ҳарбӣ имрӯзҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар адои вазифа намуда, саҳми хешро дар ҳифзи марзу бум ва суботи сиёсии мамлакат гузошта истодаанд. Ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ дорои биноҳои махсуси таълимӣ, хобгоҳ, майдони варзишӣ, дармонгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, осорхонаи «Шарафи Ҷангӣ», парки автомобилӣ, ҷойи тирпарронӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, майдончаи тактикӣ, оркестри мусиқачиёни ҳарбӣ, маркази таълимии «Лоҳур», ошхонаи замонавӣ буда, ҳамаи онҳо мавриди истифодаи афсарон, прапоршикҳо, курсантҳо ва сарбозон қарор доранд.

Эзоҳ вироиш