Дуайе́н (фр. doyen — сардор, калонсол) — сардори ҳайати дипломатӣ, намояндаи дипломатие, ки аз рӯйи рутба ва муҳлати хидматаш дар кишвари мушаххас собиқаи аз ҳама бештар дорад.

Дар аксари кишварҳое, ки мазҳаби католикӣ ҳукмрон аст, дуайени ҳайати дипломатӣ намояндаи хоси Папаи Рум ва дар аксари кишварҳои Африқо сафари метрополияи собиқ маҳсуб меёбад. Ба сифати дуайен фақат намояндаи ҳайати олии дипломатӣ — сафир ва ё намояндаи Папаи Рум (нунтсий) баромад кунад. Дар як қатор кишварҳо тартиби хоси интихоби дуайен вуҷуд дорад: мас., дар Того фақат сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дар Буркина Фасо сафири яке аз кишварҳои африқоӣ новобаста аз муҳлати хидмати дипломатиаш вазифаи дуайен иҷро мекунад. Вазифаи дуайен аз шарқи анъанаҳои хоси дипломатии кишвари фаъолияткунанда иборат буда, муҳлати хидмати дипломатӣ аз таърихи супурдани ваколатнома ба сардори давлат ҳисоб карда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 158</ref>