Дӯлмашӯрбо

  • Тарзи дигари тайёр намудани Дӯлмашӯрбо: Гӯшти устухондори гӯсфанд ё говро ба деги обаш хунук андохта меҷӯшонанд, аз гӯшти лаҳм қима тайёр мекунанд. Ба қима пиёз, биринҷ, ҷаъфарӣ, намак, адвиёт ва тухм илова намуда, омехта мекунанд. Тухм ва думчаи қаламфури булғориро гирифта мепартоянд; қаламфури холиро бо қима пур мекунанд. Дӯлмаҳоро ба деги ҷӯшидаистода андохта, 30-40 дақиқа дар оташи паст мепазанд. Ба шӯрбо пиёз, помидор, сабзӣ, картошка низ меандозанд. Ба таоми тайёр намак андохта, ба косаҳо мекашанд. Ба 500 г гӯшт, 10-20 дона қаламфури булғорӣ, 0,5 истакон биринҷ, 1 дона тухм, 2-3 дона бехпиёз, 2-3 дона картошка, 2-3-то помидор, ним бандча ҷаъфарӣ, мувофиқи табъ намак ва зира зарур аст.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Эзоҳ вироиш