Запрягаева Вера Ивановна — доктори илми биологӣ (1965), профессор (1969). Узви вобастаи АИ ҶТ (1978). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1972). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино (1977).

Вера Запрягаева
Запрягаева Вера Ивановна
Таърихи таваллуд 1912(1912)
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Запрягаева Вера Ивановна Институти давлатии омӯзгории Душанберо хатм намудааст (1945), ихтисос – «ботаника»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: набототи ҷангалӣ, дендрофлора, захираҳои наботот. Директори Пойгоҳи кӯҳиву ботаникии Варзоб (1941-1947; 1955-1967), мудири бахши геоботаника (1947-1951), мудири озмоишгоҳи дендрологияи (аз 1967). Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон..

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • «Нишони Фахрӣ», Дӯстии халқҳо,
  • медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • «Барои меҳнати шоён.Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
  • «Сисолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1972),
  • Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977)тақдир шудааст.

Сарчашма вироиш

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.