Зарфи макон — ҷой ва макони воқеъ шудани амалу ҳолатро мефаҳмонад. Зарфҳои макони забони тоҷикӣ миқдоран каманд: дарун, берун, пеш, қафо, боло, поён. Калимаҳои номбурда аслан исманд. Ҳамаи ин калимаҳо бо гирифтани пасванди тар дар шакли дараҷаи қиёсӣ низ омада метавонанд. Сифатҳои хоси макон аз қабили дур (дуртар), наздик (наздиктар) тағйири маъно карда, дар ҷумла ба вазифаи зарфи макон меоянд.

Мисолҳо вироиш

Нигаред низ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 273 саҳ.