Захираи Хоразмшоҳӣ

«Захираи Хоразмшоҳӣ» (форсӣ: ذخیره خوارزمشاهی‎) — шоҳасари тиббӣ, ки солҳои 1113—1115 Исмоили Ҷурҷонӣ барои Қутбуддин Абулфатҳи Арслон Тагини Муҳаммади Хоразмшоҳ таълиф намудааст.

Захираи Хоразмшоҳӣ
Нигора
Унвони мақола форсӣ: ذخیره خوارزمشاهی
урду: ذخیرہ خوارزم شاہی
англ. Zakhireye Khwarazmshahi
Кишвар
Нависанда Исмоили Ҷурҷонӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мундариҷа вироиш

Дар бобати офаридани асар муаллиф менависад: «Тақдир чунон буд, ки ҷамъкунандаи ин китоби Исмоил ибни Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ҳусайнии Ҷурҷонӣ андар соли понсаду чаҳор аз ҳиҷрат ва хушии ҳаво ва оби вилояти Хоразм бидид ва он ҷо мақом ихтиёр кард ва воҷиб донист самараи илме, ки муддати дароз аз умри хеш гузаронидааст, андар ин вилоят нашр кардан, бад-ин ният ин китоб ҷамъ кард…».

Аввалин нусхаи форсӣ-тоҷикии «Захираи Хоразмшоҳӣ» аз 10 китоб иборат аст. Муаллиф асарро ба забони арабӣ низ муфид ва зарур дониста, онро ба тозӣ ҳам таълиф намуд ва «Адвияи муфрада» ном боби иловагӣ дохил кард. «Захираи Хоразмшоҳӣ» аз 65 ҷузъ, 78 гуфтор (мақола) ва 1197 боб иборат аст. Барои таълифи «Захираи Хоразмшоҳӣ» муаллиф асарҳои ҳакимони пешина (Буқрот, Ҷолинус, Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва диг.)-ро ҳам истифода бурдааст. Мувофиқи нишондоди муаллифи асар он чунон пурра аст, ки «табибро андар ҳеч боб ба ҳеч китоби дигар ҳоҷат наяфтад ва ба сабаби бозгаштан ба китобҳо хотираш пароканда нашавад…».

«Захираи Хоразмшоҳӣ» инкишофи илму маърифати халқҳои Осиёи Марказиро дар давраи сомониён ва хоразмшоҳон инъикос мекунад. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба забони ибронӣ, туркӣ, урду ва ғ. ҳам тарҷума шудааст. Онро табибони машриқу мағриб ва форсу арабзабон дар тӯли чандин асрҳо чун асари илмӣ истифода бурдаанд. «Захираи Хоразмшоҳӣ» ҳоло ҳам моҳияти таърихӣ, илмӣ, амалӣ, забонӣ, луғавӣ ва фалсафиашро гум накардааст. Дар «Захираи Хоразмшоҳӣ» ба масъалаҳои тибби кишварӣ ва ҷуғрофӣ диққати махсус дода мешавад. Китоби якум дар бораи шинохтани ҳадди тиб ва манфиати он, шинохтани ҷисми инсон, мояҳо (асосҳо), мизоҷҳо, хилтҳо (хун, балғам, сафро, савдо), чигунагии аҳволи одатҳо, ташреҳи андомҳои муфрад ва мураккаб; китоби дуюм дар бораи шинохтани ҳолатҳои тани одам аз тандурустӣ ва беморӣ, анвоъ (хелҳо), асбоб (сабаб) ва аърози (намуди зоҳири)-и он, шинохтани набз, аҳволи мадфуоти (аз дафъ) бадан (чун арақ, бавл, ғоят — калӣ ва ғайра); китоби сеюм дар бораи нигоҳ доштани тандурустӣ, тадбири ҳаво ва маскан, шинохтани ҳолати обҳо, тадбирҳои таом ва шароб, хоб ва бедорӣ, ҳаракат ва сукунат, шинохтани ҳолати нӯшокиҳо, чизҳои муаттар, ба кор бурдани равғанҳо, тадбири қай кардан ва доруи мусҳил хӯрдан, тадбири фасд (рагзанӣ), ҳаҷомат (хунгирӣ), зуллук, ҳуқна (клизма) ва шиёф (свеча ё супозиторий), тадбири аърози нафсонӣ (чун шодӣ ва андӯҳ ва ғайра), тадбири нигоҳубини тифлон, тадбири пирон ва мусофирон; китоби чорум дар бораи шинохтани ҳар як беморӣ, авҷ, бӯҳрон ва пешомади он; китоби панҷум дар бораи ёд кардани анвои таб, сабаб, аломат ва илоҷ, тадбири ҳолатҳое, ки дар бадан рӯй медиҳанд ва нишонаи беморӣ; китоби шашум дар бораи муолиҷаи ҷамеи бемориҳое, ки аз сар то по падид меоянд; китоби ҳафтум дар бораи илоҷи омосҳо ва решҳо, тадбири шикофтан ва доғ кардан, илоҷи андоми табоҳёфта, тадбири шикастагӣ, озурдагӣ, варам ва монанди он; китоби ҳаштум дар бораи покизагӣ ва оростагии тан зоҳиран; китоби нуҳум дар бораи ёд кардани заҳрҳо ва подзаҳрҳо; китоби даҳум дар бораи тартиб додани қарободин баҳс мекунад.

Муаллиф дар муқаддимаи асар навиштааст: «Аммо бояд донист, ки ҳавои ин вилоят (яъне Хоразм ва умуман Осиёи Марказӣ) шимолӣ аст ва чунин ҳаво хуштар ва софитар бошад… Ва ҳар наботе (рустание), ки дар ин ҳаво рӯяд, хуштар ва гуворандатар бошад. Ва ҳар одаме, ки аз ин ҳаво нафас гирад, дил ва димоғи ӯ қавитар ва хоссаҳои ӯ дурусттар бошад… Ва оби ин вилоят Ҷайҳун (д. Ому) аз ҷумлаи обҳои ситуда (нағз) аст… Лекин бо ин ҳама некӯиҳо ҳодисаҳои номувофиқ низ дар ин вилоят бисёр аст… Ва ба сабаби саъби (сахтии) сармо зуком ва назла бисёр мебошад…»

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Расулов М. Я., Исмаил Джурджани, дар кит.: Итоги и перспективы научных исследований по истории медицины, Кишинев, 1973;
  • Ҳикмати асрҳо (мураттибон В. А. Капранов ва Раҳим Ҳошим), Д., 1975.

Сарчашма вироиш