Зиндагиномаи ҳазрати Муҳаммад

Мақолаи асосӣ: Муҳаммад


Муҳаммад (ар. محمد‎) «Салаллоҳу Алайҳи ва Салам» (ар. 20 апрели соли 570 — дар шаҳри Макка таваллуд шудааст. Вай аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб будааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё рахти сафар баст. Баъди шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳри Мадина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам)-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб ба зимма гирифт,аммо дар синни 8-солагии пайғамбар бобояш низ аз дунё мегузарад , сипас парастории ӯро амакаш Абутолиб ба зимма гирифт. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Буҳайро (Сархиш, Баҳир) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст. То бистучорсолагиаш Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар хидмати амакҳояш буд,баъд коргузор шуд. Ҳангоми хидмат дар байни ҳамқабилаҳояш (Қурайшиҳо) бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро "Амин" мехонданд. Соли 594 Ҳадиҷа - зани беваи бодавлат, хеши дури Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам), духтари Хувайлид (бинти Хувайлид), набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъйин кард. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) корвони Ҳадиҷаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Ҳадиҷа чил сол дошт. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) биступанҷсола буд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар умум ҳафт фарзанд дошт,ки аз онҳо 3-тояш писар буд. Вале се писаре, ки Ҳадиҷа таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Ҳадиҷа ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард.[1]

Муҳаммад
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода
Муҳаммад

Оила

Аҳли БайтҲамсарон
АвлодШарифонСаидон

Зиндагинома

ҚуръонСуннатСири Набӣ
Ҳазрати Муҳаммад дар Макка
Муҳоҷирати Тоиф
МеъроҷҲиҷрати Муҳаммад

ғайраҳо

МавлудСаловотҒазовот СаҳобаМасҷид ан Набӣ ҶоҳилияЗулфиқор

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (Разиаллоҳу Анҳу), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (Разиаллоҳу Анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсуҳбатон Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам)-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳоӣ бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳӣ намеомад.[2]

Ваҳй вироиш

 
Ғори Ҳира дар кӯҳи Нур, ҷойе ки мусалмонон бовар доранд, ки Муҳаммад (с) нахустин Ваҳйро дарёфт кардааст[3]

Аз рӯи ривоятҳо Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ҳар сол моҳеро дар кӯҳи Ҳиро, наздикии Макка, дар танҳоӣ, банди андешаҳо сипарӣ мекард. Ақли гиро, заковати беҳамтояш он донишҳоеро, ки аз зиндагии ҳаррӯза мегирифт, ҳазм менамуд ва меомӯхт. Дар ниҳоди ӯ (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ақидае устувор мегашт, ки бутҳои берӯҳу беқувват худои онҳо нестанд, Худои ҳақиқӣ ягона аст, бузургу беҳамтост, бар болои ҳама ва барои ҳама. Худо ҳақиқати худ ва иродаи хешро ба мардуми гуногун ба воситаи паёмбаронаш ирсол медорад, вале арабҳо худоро намедонанд, зеро эътиқод ба Иброҳим (Алайҳисалом)-ро фаромӯш кардаанд ва ба назди онҳо паёмбари Худо низ наомадааст, то ки хотиррасон намояд аз вуҷуди Оллоҳ. Дар моҳи Рамазони соли 610 (ё 612), ҳангоми сайру гашти ҳарсолаи одатиаш ӯ (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба ғоре медарояд. Аз пиёдагардӣ ва фикру андешаҳои зиёди беҳосил хаста шуда буд. Аз ин рӯ, дар гӯшае ҷой мегирад ва хобаш мебарад. Ва баъд... Чунин ҳикоят мекунад худи Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам):

«Нохост дар хоб ҳис намудам, ки касе ба ман наздик омад ва гуфт: бихон! Гуфтам: не! Он гоҳ вай чунон тазъйиқам дод, ки хаёл кардам, мемирам ва такрор намуд: бихон! Боз рад кардам, дуюмбора фишурд ва ман ин суханонро шунидам: «(Ай Расули худо бархезу Қуръонро) ба номи Парвардигорат, ки Худои офаринандаи олам аст, бар халқ қироат кун. Он Худое, ки одамиро аз хуни баста биофарид. Бихон! Парвардигори ту каримтарини каримони олам аст. Он худое, ки башарро илми навиштан ба қалам омӯхт ва ба одам он чиро, ки намедонист, ба илҳоми худ таълим дод» (Сураи XCVI, 1-5). Вақте ки инро хондам, падида дур шуд ва ман бедор гаштам. Ва ман ҳис намудам, ки ин гуфтаҳо дар дилам абадӣ нақш бастаанд».
 
Макка, ал-Ҳарам, толор Masjid al-Haram, 2013, Makkah, Saudi Arabia
 
Макка, намоз дар ал-Ҳарам, толор Masjid al-Haram, 2015, Makkah, Saudi Arabia

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) бо як ҳаяҷони зиёде ба хона баргашт. Ҳадиҷа бо диққат ва бо боварии том нақли ӯ (с)-ро шунид. Варқа, хеши Хадича, ки ба ин муносибат даъват шуда буд, гуфт: «Эҳтимол гапат рост аст. Эй Ҳадиҷа, шояд ба ӯ Номуси Акбар (Ҷабраил) омадааст, оне, ки ба Мӯсо (Алайҳисалом) меомад ва дар ин ҳол Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) паёмбари ин уммат хоҳад шуд».

Баъди ин ба Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) чизе рӯй надод, вале ӯ шояд ҳодисаеро интизорӣ мекашид, аз ин рӯ, боз ба бодия рафт, ҳарчанд вақташ ҳанӯз нарасида буд. Дар кӯҳ танҳо қадам зад, андӯҳи гарон ба қалбаш тазӣиқ меовард, барои аз ғусса раҳоӣ ёфтан тайёр буд, ки аз шахи баланде ба поён биҷаҳад. Нохост тобиши ҳайратангези илҳоми ваҳй ӯро фаро гирифт, рӯҳан ором шуд. Ба хона баргашт, ҷисмаш хаста буду дарақ-дарақ меларзид. Дар боғча рӯи фарш хобид ва хоҳиш намуд, ки ба болояш ҷомае партоянд. Ва ҳамон замон чунин суханонро шунид:

«Ало, ай Расуле, ки худро бо либоси (ҳайрат ва фикрат) печидаӣ. Бархез ва халқро худотарс гардон. Ва Худоро ба бузургӣ ва кибриёӣ ёд кун. Ва либос (ҷону тан)-ро аз ҳар айб ва олойиш пок ва покиза дор. Ва аз нопокӣ (бут ва бутпарастон) ба куллӣ дурӣ гузин. Ва ба ҳар кӣ эҳсон кунӣ, абадан миннат магузор. Ва (ҳар чӣ дар таблиғи рисолат аз халқ озор бинӣ,) барои Худо сабру шикебой пеш гир». (Сураи LXXIV, 1-7)

Баъди ваҳйи дуюм Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба паёмбари Худо буданаш мӯътақид гашт ва баҳри иҷрои супоришҳои аз осмон нозилшуда пардохт. Ҳарчанд Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба падида аҳамияти беандоза медод, барояш чизи асосӣ ҳамон ваҳй, яъне Қуръон буд.

 
Макка 2015, намози шом

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ҳеч гоҳ ба худ баҳои фавқуттабиӣ намедод ва таъкид менамуд, ки танҳо гуфтаҳои Парвардигорро ба бандагонаш мерасонад:

«Ва Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) нест магар паёмбаре аз тарафи Худо, ки пеш аз ӯ низ паёмбароне буданд ва аз ин ҷаҳон даргузаштанд, агар ӯ низ ба марг ё шаҳодат даргузашт, боз шумо бад-ин ҷоҳилияти худ руҷӯъ хоҳед кард? Пас ҳар кӣ муртад шавад, ба Худо зараре нахоҳад расонид, худро ба зиён андохта ва ҳар кас шукри неъмати дин гузорад ва дар ислом пойдор монад, албатта, Худованд ҷазои аъмоли нек ба шукргузорон ато хоҳад кард» (Сураи III, 138)

.

Дини Ислом рӯз ба рӯз рушд меёфт. Дар соли 617 Қурайшиҳо бо мусалмонон ҳамаи доду гирифтро қатъ намуданд. Соли 619 Ҳадиҷа, баъди чанд ҳафтаи дигар Абутолиб аз дунё реҳлат карданд. Зиндагӣ дар Макка ба мусалмонон, ки таъқиб мешуданд, танг гашт. Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) бо умматонаш ба Ясриб ҳиҷрат намуд. Дар ин шаҳр муттасил одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом мегаравиданд. Охири соли 629, аввали соли 630 Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) ба Макка баргашт. Наздик шудани сафари охиратро Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) эҳсос намуд. Моҳи марти соли 632 бо 14 ҳазор мусалмон маросими Ҳаҷро ба ҷо овард, дар назди ҳозирин ваъз гуфт ва бо овози баланд таъкид кард, ки вазифаашро ҳамчун Паёмбари Худо ба ҷо овард. 8 июни соли 632 ба масҷид омад, бо намозгузорон видоъ намуд, баъди чанд соат дар рӯи дасти завҷаи маҳбубаш Бибӣ Оиша, духтари Абубакри Сиддиқ, аз олам чашм пӯшид.

Муҳаммад (Салаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар Мадина маъвои абадӣ ёфт ва оромгоҳаш зиёратгоҳи мусалмонон гаштааст.[4]

Эзоҳ вироиш

  1. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 5 - 6
  2. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузургтарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 6
  3. Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%AD%D9%85%D8%AF
  4. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 6 - 9

Пайвандҳои беруна вироиш