Зонунава́рд — ҷузъи чархзанандаи механизми кри­вошипӣ-шатунӣ, ки аз наварди як ё чанд зонудор ва якчанд гарданаи асосии ҳамтири ба подшипникҳо такякунанда иборат аст. Зонунавард аз гарданаи асосзону, гарданаи шатунӣ ва рӯя иборат мебошад.

Кривошип (сурх), поршенҳо (хокистарӣ) ва силиндрҳо (кабуд) ва маховик (сиёҳ)

Тирҳои гарданаҳои шатунӣ бо тири зонунавард мувофиқат намекунанд. Ҳар як зонуи зонунавард ду рӯя ва як гарданаи васлкунандаи шатун дорад. Дар аксар ҳолатҳо рӯяҳои зонунавард бо порсанг (вазни муқобил) муҷаҳҳаз мегарданд, ки ин зонунавардро ба тавозун меорад. Дар ҳолати дигар ҳангоми бо суръати баланд чарх задан таҳти таъсири қувваҳои инерсионии мувозанашуда зонунавард ба ларзиш меояд.

Зонунавардро аз пӯлоди карбону ҷавҳардор ё чӯяни хеле мус­таҳ­ками яклухт рехташуда (чакушхӯрда), ё аз рӯи технология, ё талаботи сохторӣ аз ҷузвҳо (асосан барои мошин­ҳои бузург бо қутри гарданҳои то 1 м месозанд. Зонунавардро дар муҳаррикҳои поршенӣ, насосу компрессорҳо, мошин­ҳои оҳангарӣ ва ғ. истифода мекунанд. Дар мо­шин­ҳои поршенӣ адади зонуҳо маъмулан ба адади устувонаҳо баробар буда, мавқеи зонуҳо ба даварони корӣ, мавқеи устувонаҳо, шартҳои ба мувозинат овардани механизмҳо вобаста аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш