Зуфархон Ҷавҳарӣ - шоири классикии адабиёти тоҷик, буда, дар соли 1860 дар шаҳри Ӯротеппа, таваллуд ёфтааст.

Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Таърихи таваллуд: 1860(1860)
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 1945(1945)
Маҳалли даргузашт: Истаравшан
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Зиндагинома вироиш

Зуфархон Ҷавҳарӣ охирин намояндаи адабиёти классикии тоҷик мебошад. Ӯ соли 1860 дар оилаи Назмии Истаравшанӣ, ки падараш ҳам шоир буд, таваллуд шудааст. Ҷавҳарӣ дар оилае ба дунё омада буд, ки аксарият аҳли фазл, шоиру олим буда, анъанаҳои беҳтарин ва инсонпарваронаи классикони адабиёти тоҷикро пайравӣ мекарданд. Падари Ҷавҳарӣ низ шоири шинохта ва донишманди бузург буд. Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам дар «Тазкират-уш шуаро» Ҷавҳариро «қувваи аҳли камол, мазҳари файзи лоязол, хирадсиришт, донишманд, олифитрат, баландистеъдод», номида, «ба Бухорои Шариф омада, таҳсили улуми диния ва такмили матолиби яқиния намуда, аз мобадаи фуюзи ҷуҳур захираҳо андуда» ба ватани аслиаш баргаштанашро қайд кардааст.

Ҳамчунин адибони маъруф Ҳашмати Бухороӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Боқии Раштонӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсини Бухороӣ, Мавлоно Йӯлдоши Қӯқандӣ, Фикрии Самарқандӣ ва як қатор шоирони ҳамон давр ба эҷодиёти Ҷавҳарӣ баҳои баланд додаанд. Устод Айнӣ дар бораи Ҷавҳарӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст: «Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сар-сарӣ гузаштан дуруст нест. Мумиилайҳ шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ аз устодони адаби ин давр аст».

Эҷодиёт вироиш

Ҷавҳарӣ дар ду давра пеш аз Револютсияи Октябр ва баъд аз он шеър гуфтааст. Дар эҷодиёти тореволютсионии ӯ ғазал (дар пайравии Бедил) мақоми калон дорад. Ғазалҳои Ҷавҳарӣ асосан дар сабки Бедил нигошта шудаанд. Ва бесабаб нест, ки ӯро охирин намояндаи бузурги бедилшиносӣ дар Осиёи Марказӣ донистаанд.

Профессор Расул Ҳоҷизода дар китоби худ «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри нуздаҳ» дар бораи таъсири эъҷодии Бедил ба адабиёти тоҷик сухан ронда, навиштааст: «Дар нимаи дуввуми асри 18 ва нимаи аввали асри 19 дар адабиёти тоҷик аз шоирони Ҳинд таъсири эҷодии Бедил ниҳоят зиёд шуд ва аксарияти шоирони ин давр бештар ба услуби эҷодии ин шоир (махсусан дар ғазал) пайравӣ мекарданд.Таъсири эҷодиёти Бедил дар нимаи дуввуми асри 19 ҳамчунон барқарор буд».

Бедилро тақлид карда ва ба ғазалҳои ӯ мухаммас бастани Ҷавҳарӣ аз як тараф аз муҳаббати саршор нисбат ба шеъри ӯ сар зада бошад, аз тарафи дигар ин як навъ озмоиши табъ ва боварӣ ҳосил кардан ба қудрати шеърофарии худ мебошад. Ва тамоми эҷодиёти Ҷавҳарӣ шоҳиди он аст, ки ӯ дар ин кор муваффақ шудааст. Як сабаби дар тақлиди Бедил ба комёбӣ ноил гардидани Ҷавҳарӣ дар он аст, ки ӯ эҷодиёти ин шоири бузургро ба таври амиқ омӯхта таҳқиқ намудааст, дар роҳи дарки маъниҳои сарбастаи ашъори ӯ ҷидду ҷаҳди зиёде ба кор бурдааст. Чунонки худаш гуфтааст:

Тақлиди ман аст рамзи таҳқиқ,
Гул карда ҳақиқат аз маҷозам.

Ҷавҳарӣ баъди Револютсияи Октябр ба мавзӯҳои муҳими рӯз рӯ оварда, дар бораи тантанаи ҳаёти нав, коллективонии хоҷагии қишлоқ, пешравии саноату маданияти тоҷик асарҳо офарид. Ҷавҳарӣ дар ин солҳои ҷанг як қатор шеъру достонҳои ватандӯстона ба вуҷуд овард. Достонҳои «Зафар», «Муҳаммадҷон» ва «Офтобхон», ки дар ҳамин давра эҷод шудаанд, аҳамияти таърихӣ ва инсонпарварона дошта, саршор аз эҳсоси муҳаббат ба халқу ватан мебошад.

«Охирин пайрави Абдулқодири Бедил аз шуарои намоёни қарни бистум Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ (1860-1945) аст. Зуфархон Ҷавҳарӣ дар сабки ҳиндӣ бештар аз роҳи тақлид канора ҷуста ва кӯшидааст, ки тозакориҳое низ бадин шеваи шеър ворид бикунад». Зуфархон Ҷавҳарӣ соли 1945 аз олам чашм пӯшидааст.

Эзоҳ вироиш

  • Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.