Глухов Иван Алексеевич (4 майи 1913, деҳаи Чиноз, ҳоло вилояти Сирдарё, Узбакистон — 2 январи 2005, Душанбе, Тоҷикистон) — кимиёдон, доктори илми химия (1965), профессор (1968), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2003). Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).

Глухов Иван Алексеевич
Таърихи таваллуд 4 май 1913(1913-05-04)
Таърихи даргузашт 2 январ 2005(2005-01-02) (91 сол)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Алма-матер Университети давлатии Осиёи Марказӣ (1956)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултаи кимиёи Университети давлатии Осиёи Марказӣ (1956). Дар идораҳои Комиссариати халқии тандурустии ҶШС Тоҷикистон ва макотиби олии пойтахт кор кардааст. Ходими илмӣ (аз 1946), мудири лабораторияи элементҳои нодири Институти кимиё (аз 1956) буд. Иван Глухов дар бораи кимиё ва филиззоти волфраму молибден пажӯҳиш анҷом додааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти Иван Глухов ба соҳаи нави кимиёи равандҳои хлоридӣ (хлоронии маъданҳо дар ҳарорати паст) замина гузоштанд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Медали «Барои меҳнати шоиста»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973).

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш