Идгардак — яке аз маросимҳои хонаводагӣ, ки ба му­носибати идҳои Қурбон, Рамазон ва хоссатан Наврӯз дар рӯзҳои ид ва баъзан дар арафаи он баргузор ме­гардад. Ин анъана дар 1 сол 2 маротиба гузаронида мешавад ва аслан ин маросим аз тарафи кӯдакон гузаронида мешавад[1].

Баргузорӣ вироиш

Дар ин рӯзҳо бисёр вақтҳо дӯшизагон ба дидорбинии дугонаи наварӯсашон мераванд. Ба муносибати фа­ро расидани идҳои мусулмонӣ ибтидо аз рӯз­ҳои арафа бо­нувони тоҷик барои хуб сипарӣ намудани идҳо омо­да­гӣ мебинанд. Маросимҳои хона­та­ко­нӣ (хо­на­барорӣ) соз­мон дода, лавозимоти хонаҳо, яъне, гилему қолин, кӯр­паву болиштҳо ва ашёи рӯзгорро офтоб до­да ме­таконанд. Манзилашонро тоза карда, хона­ҳо­ро са­фед мекунанд. Дар арафаи идҳои мусулмонӣ ва ҷаш­ни Нав­рӯз таомҳои гуногун мепазанд. Дар хонаво­да­ҳое, ки нав арӯсӣ кардаанд, барои идгардаки дугонаҳои арӯс со­бун, ат­ру упо ва рӯймолчаву баъзе шираворӣ ва нӯ­шоки­ҳо­ро омода месозанд. Рӯзи ид дасторхонҳоро оро меди­ҳанд, меваҷот ва ширавориҳоро бо тартиб гузошта, нон­ҳои гуногун ва самбӯсаҳоро дар рӯйи дасторхони идӣ мегузоранд.

Дугонаҳои наврасон ба ди­дор­бинӣ омада, дуои нек мекунанд. Кадбонувон то сипа­рӣ шудани идҳо дас­торхонро ҷамъ намекунанд. Дӯши­за­гон ҳангоми дидор­бинии дугонаи арӯсашон зери садои дойра даста­ҷамъ­она таронаҳои шӯх ва ҳас­би­ҳо­лӣ месароянд. Масалан:

Дугонаҷон, дугона,
Маро кардӣ девона.
Биё равем ба хона,
Армон ба дил намона.

Ё худ:

Ман омадаам, туро бубинам, биравам,
Ғамҳои дилам бо ту бигӯям, биравам.
Ғамҳои дила ҳарчанд, ки гуфта нашуд,
Собун бидеҳу атр, ки ҳамроҳ бибарам.

Ҳангоми худоҳофизӣ хешовандони домод, хоссатан, модар ё хоҳари ӯ, ба дугонаҳои арӯс яктоӣ собун, атру упо медиҳанд ва ё ба сари дугонаҳои арӯс рӯймолча ме­партоянд. Маросими идгардак ғайр аз рӯзҳои идҳои Қур­бо­ну Рамазон бештар дар ҷашни Наврӯз бошукӯҳу фа­раҳ­бахш сипарӣ мешавад.

Идгардак дар идҳои мусулмонӣ вироиш

Дар шаҳри Душанбе ва рустову ноҳияҳо ба хона­во­да­ҳое, ки шахси наздикашон фавтида бошад, ҳам­соя­­ҳо ва аҳли гузар, маҳалла ва ё деҳа ҳамроҳи муллои ҳа­мон маҳал баъди намози ид рафта, дуову фотиҳа мекунанд.

Дар рӯзҳои идҳои мусул­мо­нӣ мардон низ ба хонаҳои ҳамсоя ва ҳамдеҳагон идгардак ме­кунанд. Чанд нафар аҳли гузар ва ё маҳалла бо сар­варии муллои деҳа ва ё маҳалла аксаран ба хонаҳои мотам­до­рон рафта, дуову фотиҳа мекунанд, инчунин ба хо­на­ҳои ҳамсояҳо гузашта, дуо мехонанд.

Идгардаки кӯдакон вироиш

Дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон кӯдакон ва наврасон либосҳои наву идона ба бар карда, дар дастҳояшон як халтагӣ гирифта, ба хонаҳои маҳаллаи худ рафта со­ҳибони хонаро «Иди нав муборак, тухмҳои нав қаторак!» гӯён бо идашон табрик менамоянд ва соҳибхона ҳамчун туҳфаи идона ба онҳо тухм, қанд, сақич, кулчаву ҳалво тақдим мекунад. Идгардак дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст[1].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 62

Сарчашма вироиш