Идора (ар. اداره‎ — ба низом даровардан; роҳбарӣ ва роҳнамоӣ кардан) — шакли ташкилӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо ё шабакаҳо, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва корҳои давлатиро танзим мекунад; вазифаи низомҳои мураттаби хосиятҳояшон гуногун (биологӣ, иҷтимоӣ, техникӣ), ки сохтори муайяни онҳоро ҳифз ва амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳояшонро таъмин мекунад.

Идора

Шаклҳои идора вироиш

Шаклҳои идора: давлатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маҳаллӣ, ҳарбӣ, молиявӣ, фаврӣ, муваққатӣ, замин ва ғ. Аз нигоҳи маъмурӣ-ҳуқуқӣ идора ба навъҳои ҷамъиятӣ, мунисипалӣ ва давлатӣ тақсим мешавад. Идораи иҷтимоӣ фарогири иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои гуногуни давлатию иҷтимоӣ, аз қабили қавму қабила ва оила аст. Идора ҳамчун созмони ғайритиҷоратӣ барои амалигардонии вазифаҳои идорӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, пурра ё қисман сармоягузорӣ мешавад.

Идора аввалин бор ҳамчун сохтори институтсионалӣ дар асари Чарлз Пламер «Идораи Англия» (1885) истифода шудааст.

Вазифаҳои идора вироиш

  1. Вобаста ба мазмун ва муҳтаво: умумӣ (хосси ҳамаи низомҳои идорӣ буда, таъмини маълумот, пешбинии инкишофи раванду ҳодисот дар оянда, амсиласозӣ, барномасозӣ, ташкилӣ, мутобиқсозӣ, роҳбарӣ, назорат, муҳосибот ва ғайраро дар бар мегирад), махсус (хосси низомҳои алоҳидаи идорӣ, мас., хадамоти амният, фаъолияти зиддииктишофӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ғайра), таъминотӣ (мас., таъминоти моддӣ-техникӣ, кадрӣ; молиявӣ-барномасозӣ ва ғайра);
  2. Вобаста ба самти таъсир: дохилӣ ва берунӣ;
  3. Вобаста ба замони амал: доимӣ ва муваққатӣ.
  4. Вобаста ба хусусиятҳои ҳудудӣ: мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ (дар давлатҳои федеративӣ ‒ мақомоти федератсия ва ҷумҳурӣ). Дараҷаҳои ҷараёни идора : таҳлили вазъи идорӣ; коркард ва қабули қарор, ташкил ва назорати иҷрои қарор, ҷамъбасти натиҷа ва ислоҳкунӣ.

Ҳенри Файол (1841‒1925) вазифаҳои умумӣ (пешгӯйӣ, банақшагирӣ, ташкилӣ, маъмурӣ, таъминоти иттилоот, мутобиқсозӣ, танзим, назорат) ва якчанд асли идора (тақсими кор, обрӯ ва масъулият, ягонагии фармон ва роҳбарӣ, риояи мартабаҳо, марказонӣ ва ғайримарказонӣ, тартибот, баробарӣ, мукофотдиҳӣ, тобеият, адолат, ташаббус, ҳамрайъӣ ва ғайра)-ро муайян кардааст. идора ҷараёни доимиву мақсадноки таъсири субъект ба объект тавассути механизми муайян мебошад. Субъекти идора ашё, падидаҳо ва ҷараён (ҷараёни идорӣ), одамон (идора-и одамон) ва объекти он ҳамеша метавонад одам (оператор, маъмур, роҳбар ва ғайра) ё ташкилаи коллективӣ ‒ маъмурият (дирексия, роҳбарият, ҳайати фармондеҳон ва ғайра) бошад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 174
  • Daniel A. Wren, Authur G. Bedeian, John D. Breeze. The forndations of Henri Fayol’s administrative theory management. Decision 40/9, USA, 2002;
  • Сухарев М., Крутских В. Е., Сухар А. Я. Большой юридический словарь. М., 2003;
  • Макарейко Н. Административное право. Конспект лекций. М. 2009.

Сарчашма вироиш