Иморати Ғарнота (ар. إمارة غرﻧﺎﻃﺔ‎), Иморати Гранада — охирин пойгоҳи сиёсии мусулмонон дар Испониё (1230—1492).

Иморати Ғарнота
1238 — 2 январ 1492


Дирафш Нишон
Пойтахт Ғарнота[d]
Забон(ҳо) забони арабии классикӣ[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии ворисӣ[d]

Таърих вироиш

Иморат дар за­минаи таназзули хилофати Кордова ва авҷи ҳаракати Реконкиста (бозпасгирӣ) ташкил ёфта, асосгузораш Му­ҳам­мад ибни Юсуф аз сулолаи Ҳамариён ё Насриён буд. Иморат дар қисмати ғарбии Андалус ташкил ёфта, сарҳаддаш аз дарёи Гвадалквивир дар ҷануб то баҳри Миёназамин ва гу­лу­го­ҳи Гибралтар, дар шимол то Ҷайён (Ҷаён), Қуртуба, Кас­тилия, дар шарқ то Мурсия ва дар ғарб то Кардиз тӯл мекашид. Ду омил, яке аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ дар мавзеи до­ман­кӯҳ қарор доштан ва дигаре кашмакаши сиёсии дав­лат­ҳои хурди ҳамҷавор имкон доданд, ки аморат муддати тӯ­лонӣ мавҷудияташро дар баробари давлатҳои масеҳии Испониё нигаҳ дорад. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммади II (1273—1302) низоми идории аморат ташаккул ёфта, девонҳо таъ­сис дода шуданд. Сардори ҳокимияти иҷроия — вазир аз ҷо­ниби амир таъйин шуда, дар ихтиёраш дабирони зиёд дошт. Вазифаи таъмини амният ба уҳдаи муҳтасиби девони шурта буд. Масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Ғарнота бар асоси фиқҳи маз­ҳа­би Моликия ҳал шуда, сардори қозиҳо унвони қозиюл­ҷамоа дошт. Пойтахти иморат шаҳри Ғарнота дар иҳотаи ҳисори баланде қарор дошт, ки дорои 130 бурҷ буд. Дар Ғарнота боғдорӣ ри­воҷ ёфта, кишвар аз маъданҳои тило, нуқра, филиз ва сурб ғанӣ буд. Ғарнота бо давлатҳои мусулмонии Афри­қо муно­сибатҳои тиҷоратӣ дошта, дар ҷангҳои зидди дав­латҳои масеҳӣ аз ҷониби сулолаи Мариниёни Марокаш (1269—1465) пуштибонӣ меёфт. Амирони Ғарнота мувофиқи шартномаи соли 1245 ҳамчун васал ба Кастилия солона боҷу хироҷ супорида (дар ибтидо 50 ҳазор сиккаи тило), дар ҷанги рақи­бон ба шоҳ ёрӣ медоданд ва дар ҷаласаҳои машваратии кортесҳо ширкат мекарданд. Бо авҷи ҳаракати Реконкис­та қисми зиёди мусулмонон аз шаҳрҳои зертобеи масе­ҳиён ба ҳудуди Ғарнота кӯчида, дар солҳои охири мав­ҷудияташ аморат тақр. 5-6 млн аҳолӣ дошт. Бо авҷи ҷангҳои су­ло­ла­вӣ дар Ғарнота ва пурзуршавии мавқеи давлатҳои масеҳӣ дар ним­ҷа­зи­раи Пириней ҳудуди аморат аз ҷониби шоҳии Кас­тилияю Арагон ишғол гардид (1492). Имрӯз дар ҳу­ду­ди шаҳри Ғарнота на­мунаҳои зиёди биноҳои меъмории замони ҳукм­ронии Ҳа­ма­риён аз ҷумла қароргоҳи амирон — кохи ал-Ҳамро боқӣ мондааст. Кохи ал-Ҳамрои Ғарнота аз се бахш — бор­гоҳ, шабис­тон ва ҳарамсаро иборат буда, аз соли 1984 ба феҳристи Ме­роси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил кар­да шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш