Исроил Исмоилов (омӯзгор)

(Тағйири масир аз Исроил Исмоилов)

Исмоилов Исроил Исмоилович (14 июни 1925, деҳаи Ғарибаки ноҳияи Панҷакент — 1 июни 2010, Душанбе) — омӯзгори маъруфи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1968), профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Исроил Исмоилов
Исмоилов Исроил Исмоилович
Таърихи таваллуд 14 июн 1925(1925-06-14)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1 июн 2010(2010-06-01) (84 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор

кумитаи комсомоли ноҳияи Панҷакент, шуъбаи мактабҳо ва пионерони КМ ИЛК-и Тоҷикистон, комиҷроияи ноҳияи Душанбе (ҳоло И. Сомонӣ), шуъбаи маорифи ноҳияи Душанбе,

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон,«Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС»

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1937—1943 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил карда, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1943—1945 ҳамчун муаллими мактаби миёна, мудири қисми таълимии мактаб, табелчӣ ва котиби ташкилоти комсомолии колхози «1-май»-и ноҳияи Панҷакент кор кардааст. Соли 1945 вазифаи котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Панҷакентро ба уҳда дошт. Соли 1945 вакили анҷумани VI-уми комсомоли Тоҷикистон интихоб шуда, ин ваколатро дар анҷуманҳои VIII, IX, ва X-и комсомолии Тоҷикистон идома медиҳад. Солҳои 1947—1949 шунавандаи мактаби марказии комсомолии назди КМ ВЛКСМ буд. Солҳои 1949—1953 дар вазифаи муовини мудири шуъбаи мактабҳо ва пионерони КМ ИЛК-и Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1953—1954 вазифаи инспектори шуъбаи маорифи шаҳри Сталинобод, 1954—1956 раиси Иттифоқҳои касабаи коркунони маорифи шаҳри Сталинобод, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи марказии шаҳри Сталинобод, муовини раиси комиҷроияи ноҳияи Душанбе (ҳоло И. Сомонӣ), мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Душанберо ба уҳда дошт. Соли 1955 чун эстернат Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1957—1960 дар аспирантураи донишкадаи номбурда таҳсил намудааст. Солҳои 1960—1972 ҳамчун муаллими калон, 1972—1993 дотсент ва аз соли 1993 профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Ӯ инчунин дар вазифаи мудири кафедраи назария ва услуби корҳои комсомолӣ ва пионерӣ, муовини ректори донишкадаи омӯзгори оид ба шуъбаи шабона кор кардааст. Муаллифи 53 номгӯи китобҳои гуногунҳаҷм ва зиёда аз 400 мақолаҳои илмиву оммавӣ мебошад. Барои хидматҳояш бо 66 ҷоизаҳо сарфароз шудааст, ки 10-тои он давлатӣ мебошанд. Соли 1985 ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Байрақи Ғалаба дар шаҳри Москва расм гирифтааст.

Ҷоиза вироиш

Бо ифтихорномаҳои фахрии ЮНЕСКО, нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС» қадрдонӣ карда шудааст.

Осор вироиш

  • Пионери Таджикистана 30-х годов, Д., 1967;
  • Комсомол ва мактаб, Д., 1973;
  • Пионерия Таджикистана, Д., 1985;
  • Дастур барои Панҷикенти қадим, Д., 1994;
  • Ғарибаки ман, Д., 2006;
  • Саргузашти сағираи ғарибакӣ, Д., 2007;
  • Саргузашти суғдидухтар, Д., 2006;
  • Баъзе ақидаҳои фалсафӣ ва тарбиявии дини Ислом, Д., 2006.

Пайвандҳо вироиш