Ишғоли Уолл Стрит (англ. Occupy Wall Street)- унвонест дар ишора ба эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳои хиёбоне, ки аз таърихи 17 сентябр 2011 дар Уолл Стрит, Ню Йорк оғоз шудааст ва ҳамчунин дар ҷараён аст. Тасриф ва ишғоли Уолл Стрит ба василаи гурӯҳи канадаоӣ Адбастерз (Adbusters) фарохонда ва сурат гирифта шудааст. Бархе ин ҷунбишро бо хезишҳои мардумии Баҳори Арабӣ ба вижа таҷмаъоти Майдони Таҳрир ва Инқилоби 2011 дар Миср муқоиса мекунанд. Хостаи ишғолкунандагони Уолл Стрит умдатан рафъи нобаробариҳои иқтисодӣ, мубориза бо фарҳанги иқтисоди сармоядорӣ ва аз байн бурдани дастраси ва нуфузи далолони ширкатӣ ва ғулҳои пулӣ дар давлати Амрико мебошад.

Узви гурӯҳи «Анонимус» дар ниқоби Гай Фокс дар ҳоли эътирози Ишғоли Уолл Стрит дар Ню-Йорк 17 сентябр соли 2011

Бархе аз ҷавонони амрикоӣ дар хиёбони Уолл Стрит мақар бурс Ню Йорк дар таърихи 17 сентябр дар эътироз ба авзоъи ва хайми иқтисодӣ ва ихтилофи табақоти Амрико ва сиёсати кунунии ин кишвар даст ба тазоҳуроти густурда заданд.

Ҳадаф вироиш

Ҳадаф аз тазоҳуроти Ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит», ки боиси бурузи айни эътирозҳо дар Амрикову соъири ҷаҳон шуд, эътироз ба низоми молист, ки ба ақидаи онҳо, ба сӯди ширкатҳо ва афроди сарватманд кор мекунад[1].


Адабиёт вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. http://www.ozodi.org/archive/news/20111115/538/538.html?id=24391369 Ҷунбиши "Ишғоли Уолл-Стрит"-ро аз Ню-Йорк меронанд 15.11.2011 Озодӣ