Кадмий ба гурӯҳи металлҳои рангаи камёб дохил мешавад. Номаш аз истилоҳи юнонӣ «kadmeia» гирифта шуда, маънояш -маъдани руҳ аст. Металли мулоими нуқрагун буда, тобиши осмонӣ, зичии баланд (8,65 г/см3) ва бо осонӣ дар 321,10С гудохта шуда, дар , 766,5°С меҷӯшад. Пайвастагиҳои заҳролуд дорад (аминокислотаҳо ва ғайра). Аз ин сабаб кадмий кам истеҳсол мешавад. Чун маводи рупушкунандаи болои металлҳо ва аккумуляторҳои барқӣ (Ni-Cd, Pb-Cd, Ag-Cd, Hg-Cd) кам истифода мешавад. Ба миқдори кам (20%) ба ҷойи пигмент (CdS, CdSe ва ғайра), дар таркиби хӯлаҳо (10%) барои кафшеркунӣ, маводи нимноқилҳо, люминофорҳо барои унсурҳои расмтайёркунӣ, батареяҳои офтобӣ истифода мешавад. Нейтронҳои гармиро хуб қабулкунанда дорад, аз ин рӯ барои тайёр кардани стерженҳои танзимдароранда, барои реакторҳои атомӣ ва маводи аз шуоъҳои хавфноки нейтронӣ ҳифзкунанда истифода бурда мешавад. Пайвастагиҳояш заҳролуданд. Дорои 8 изотоп мебошад, ки дутоаш хосияти радиоактивиро дорад.

Адабиёт вироиш

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред вироиш

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Кадмий дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.