Каллапочашӯрбо

  • Тарзи дигари тайёр намудани Каллапочашӯрбо: Калла, поча, ишқамба ва рӯдаҳои гӯсфандро нағз тоза карда, дар оби хунук мешӯянд. Сипас ба дег андохта, 2,5 - 3,5 соат дар оташи паст меҷӯшонанд. Пеш аз ҳама баъди як маротиба ҷӯшидан, ба дег пиёзи резашуда ва 40 дақиқа пеш аз пухтани каллашӯрбо сабзӣ, кабудӣ, барги ғор, намак ва хӯриш меандозанд. Мувофиқи хоҳиш ба каллапочашӯрбо забон, гурда, шуш, ҳасиб ва ғайраро низ андохтан мумкин аст. Каллапочаро баъди пухтанаш аз дег гирифта, ба оби дег шалғам, кадуи поракардашударо андохта 30 дақиқа меҷӯшонанд. Ба оби каллапочашӯрбо биринҷ, нахӯд низ андохтан мумкин аст. Каллапочашӯрборо ба косаҳо кашида, бо пиёзи кабуд, қаламфур истеъмол мекунанд. Каллаю поча, дилу ҷигарро алоҳида ба табақҳо мекашанд. Масолеҳ; 1 калла, 4 поча, яктогӣ дилу шуш, ҷигар ва ғайра, 1 кг шалғам ва сабзӣ, 300 г каду, 250 г пиёз, 2 бандча пиёзи кабуд, мувофиқи табъ намак, хӯриш лозим аст.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Эзоҳ вироиш