Камолуддин Биноӣ (номи комил Камолуддин Шералӣ ибни Муҳаммади Сабз, 1453, Ҳирот — 1512, Насаф, Қаршии ҳозира) — шоир, хушнавис, таърихнигор ва мусиқидони тоҷик.

Камолуддин Биноӣ
Таърихи таваллуд: 1453[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1512[1][2]
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ карда, ба ҳалқаи адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Соли 1487 ба Табрез рафта, ба хидмати дарбори Султон Яъқуб (ҳукмр. 1479—1590) даромад; бо Дарвеши Деҳакӣ вохӯрда, бо Қозӣ Исо, ки сарвари адибони он кишвар буд, дӯстӣ пайдо кард. Дар Табрез асосан бо мутолиаи китоб ва ҷамъоварии маълумот барои навиштани маснавии машҳураш «Беҳрӯзу Баҳром» машғул буд. Соли 1491 Биноӣ ба Ҳирот баргашт. Соли 1495 ба Самарқанд омада, бо Бобур шинос мешавад. Баъди ба дасти Шайбониён гузаштани Самарқанд (1500) дар дарбори Муҳаммади Шайбонихон обрӯ ва нуфузи Биноӣ ба дараҷае будааст, ки Шайбонихон навиштани воқеаҳои лашкаркашии худро ба ӯ супурдааст. Биноӣ дар ин дарбор на фақат чун таърихнигори бомаҳорат ва шоир, балки чун донандаи амалия ва назарияи шеъри туркӣ низ эътироф мешавад. Соли 1510, пеш аз Ҳиротро забт кардани Исмоили Сафавӣ (ҳукмр. 1502—1524), Биноӣ зодгоҳи худро тарк карда, чанде дар Насаф зиндагӣ мекунад. Соли 1512 лашкари Исмоили Сафавӣ бо сардории Наҷми Сонӣ аз дарёи Ому гузашта, бисёр мавзеъҳои Мовароуннаҳрро талаву тороҷ кард ва дар Насаф қатли ом фармуд, ки дар ин миён Биноӣ ҳам кушта шуд.

Эҷодиёт вироиш

Биноӣ адиби пурмаҳсул аст. Вай соҳиби се девон (яке бо тахаллуси «Ҳолӣ» ва дутояш бо тахаллуси «Биноӣ»), се маснавӣ, қасидаҳои зиёд, як сафарномаи насрӣ, чанд рисола оид ба мусиқӣ буд. Дар байни осори ӯ «Беҳрӯзу Баҳром», қасидаи «Маҷмаъ-ул-ғароиб», рисолаҳои таърихии «Шайбонинома» ва «Футуҳоти хонӣ» шуҳрати бештаре пайдо кардаанд. Ӯ дар мусиқӣ оҳангҳои «Нуҳранг» ва «Савтуннақш»-ро эҷод кардааст. Девонҳои Биноӣ аз ғазалу қитъа ва рубоиву қасида иборат буда, дар якҷоягӣ тақр. 10 ҳазор байтро ташкил мекунанд. Ғазалу рубоӣ ва қитъаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои анъанавианд. Дар ғазал равияи Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизро пеш гирифтааст:

Мардуми чашмам ба қасди ашки гулгуни мананд,
Рӯи он мардум сияҳ, к-андар пайи хуни мананд.

Худи Биноӣ муътақид аст, ки ашъори ӯ саҳли мумтанеъ аст (Ҳаст ашъори Биноӣ ҷумла саҳли мумтанеъ, — Гӯӣ осонаш, валекин нест осон гуфтанаш). «Маҷмаъ-ул-ғароиб» қасидаи тӯлоние буда, солҳои 1498—1499 дар Самарқанд эҷод шудааст. Аз ин қасида, ки ҳаҷмашро 501—876 байт ривоят мекунанд, 114 байт боқист. Он аҳаммияти тарҷумаиҳолӣ дошта, муқаддимаи он ба лаҳҷаи тоҷикони Ҳирот аст.

«Беҳрӯзу Баҳром» дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни мақтуъи мусаббағ навишта шуда, номи пурраи он «Достони Беҳрӯзи оқибатфирӯз ва Баҳроми нуҳуссатанҷом» аст ва нусхаҳои мукаммали таҳрири охирини он дар ҳудуди 7700 байтанд. Биноӣ ба таълифи маснавии мазкур охири солҳои 80 садаи XV шурӯъ карда, онро солҳои 1506—1507 анҷом додааст. Биноӣ дар ин маснавӣ ба василаи саргузашти Беҳрӯз, ки намунаи инсони дорои ахлоқи ҳамида ва Баҳром, ки таҷассуми ахлоқи замима аст ва ҳар ду ба Гулчеҳра ном духтари зебоҷамоле ошиқанд, доир ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқи инсонӣ сухан ронда, ҷоҳпарастиву кибр, ситезакориву кинадорӣ, ғазабу бухл, ҳасаду ғайбат, дурӯғу мастӣ, шикампарастиву серхобӣ ва монанди инро мазаммат карда, адлу дод, афву каримӣ ва дигар хислатҳои неки одамиро тарғиб менамояд. Ин масъалаҳо дар 20 боб баён шудаанд. Дар «Беҳрӯзу Баҳром» инчунин доир ба 32 нафар шахсони таърихӣ, аз қабили Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Қозӣ Исо, Абдулғафури Лорӣ, Низомулмулк, Суфӣ Халил, Уқлидусу Буқрот, Анушервону Бузургмеҳр, Саъдуддини Тафтозониву Саъдии Шерозӣ ҳикоятҳое меорад, ки аҳаммияти таърихӣ доранд.

«Шайбонинома» аз таърихи зиндагӣ ва лашкаркашиҳои Муҳаммади Шайбонӣ ривоят карда, бо насри омехта ба назм таълиф гардидааст ва воқеаҳои тақр. то соли 1505-ро фаро мегирад. «Футуҳоти хонӣ» низ дар хусуси «кишваркушоиҳои» Муҳаммади Шайбонӣ ва таърихи хонадони ӯ маълумот дода, бо баёни воқеаҳои соли 1505 поён меёбад. Ин ду асар якдигарро пурра карда, доир ба вазъи умумии давлатҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрону Озарбойҷон, задухӯрдҳои байниякдигарӣ ва кашмакашҳои дохилӣ аз сарчашмаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, дар онҳо Биноӣ назари худро дар бораи тарзи давлатдорӣ, адлу дод ва масъалаҳои ахлоқӣ низ баён кардааст.

Академик А. Мирзоев кошиф, муҳаққиқ ва тарғиботгари эҷодиёти Биноӣ буд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  2. 2.0 2.1 MAK (лаҳ.)

Адабиёт вироиш

  • Мирзоев А. М. Биноӣ. Сталинобод, 1958;
  • Мирзоев А. М. Камал ад-дин Бинаи. М., 1976.

Сарчашма вироиш