Камол Абдулло́ев (Абдуллоев Камол Наҷмиддинович; тав. 21 феврали 1950 — деҳаи Навобод, ноҳияи Рашт) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1993).

Камол Абдуллоев
Абдуллоев Камол Наҷмиддинович
Таърихи таваллуд 21 феврал 1950(1950-02-21) (74 сол)
Зодгоҳ деҳаи Навобод, ноҳияи Рашт
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои ИМА, Англия, Канада.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих (1993)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1972)

Зиндагинома вироиш

Камол Наҷмиддинович Абдуллоев хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1972), аспиранти Институти таърихи СССР-и АИ СССР (Москва, 1981). Корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (1975 – 1989), муҳаққиқи Институти тадқиқоти сиёсӣ (собиқ Институти таърихи ҳизби коммунисти Тоҷикистон), устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975 – 1993). Аз соли 1993 муҳаққиқ ва пажӯҳишгари мустақил, тарроҳ ва ширкаткунандаи чандин барнома ва тарҳҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои ИМА, Англия, Канада ва кишварҳои дигар. Аз соли 1955 Камол Абдуллоев ба ҳайси муҳаққиқ ва профессор улуми таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои ИМА ҳамкорӣ дошт. Тадқиқот ва пажӯҳишҳои Камол Абдуллоев асосан ба мавзӯъҳои таърихи нави давлатҳои Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон), таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар даҳаҳои охир, муносибатҳои байналмилалӣ ва муҳоҷират бахшида шудаанд.

Осор вироиш

  • Оружием печатного слова, Д., 1989;
  • Луғати таърихи Тоҷикистон, Лондон, 2002 (ба заб. англисӣ, ҳаммуаллиф);
  • Политика компромиссов. Мирный процесс в Таджикистане (Accord, вып. 10). Лондон, М., 2001;
  • Насколько прочен мир в Таджикистане пять лет спустя после подписания соглашения. Лондон, 2003 ва диг.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш