Канали Магистралии Ёвону Обикиик

Канали Магистралии Ёвону Обикиик, системаи обёриест дар водиҳои Ёвон ва Обикиики Тоҷикистон. Дарғоте, ки дар дарёи Вахш бо усули таркиши самтӣ сохта шудааст, оби дарёро 55 м баланд бардошта, онро ба сӯи туннели ирригационии Вахшу Ёвон равон мекунад. Туннел аз таги қаторкӯҳи Қаротоғ мегузарад; дарозиаш 7,4 км, диаметри он 5,4 м, иқтидори обгузарониаш 70 м³/сон. Об аз туннел баромада, ба воситан канали бетонии 650-метра ба обтақсимкунак меравад ва дар он ҷо ба ду канали магистралӣ — щохаи рост ва чап тақсим мешавад.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш