Энрико Карузо

(Тағйири масир аз Карузо Энрико)

Энрико Карузо (24 феврал 1873 ё 25 феврал 1873[1], музофоти Неапол[d], Подшоҳии Итолиё[5] ё Неапол[1]2 август 1921[2][3][4][…], Неапол, Подшоҳии Итолиё[1]) — овозхони барҷастаи итолиёӣ (тенори драматикӣ). Мусиқичӣ — боистеъдоди худомӯз. Энрико Карузо қариб 30-сол чун ситораи намоёни услуби сурудхонии белканто байни намояндагони истеъдоди барҷастаи итолиёӣ дурахшидааст. Энрико Карузо маҳз бо овози зебои ҳайратангези пурқувваташ шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Ӯ дар беҳтарин саҳнаҳои Аврупо ва Амрико бо муваффақият ҳунарнамоӣ кардааст. Қуллаи баландтарини санъати вокалӣ — саҳнавии Энрико Карузо нақшҳои Хосе («Кармен»-и Бизе), Манрико («Трубадур»-и Верди), Радамеса («Аида»-и Верди), Канио («Паятси»-и Леонковалло), Каварадосси («Тоска»-и Пуччини) ва дигарон буд. Ҳамчунин Энрико Карузо беҳтарин иҷрокунандаи романсҳо ва сурудҳои халқии итолиёӣ ба ҳисоб мерафт.[6]

Энрико Карузо
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд итол. Enrico Caruso
Таърихи таваллуд 24 феврал 1873(1873-02-24) ё 25 феврал 1873(1873-02-25)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 август 1921(1921-08-02)[2][3][4][…] (48 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 18941921
Кишвар
Пеша(ҳо) сарояндаи опера
Навъи садо тенор
Сабк опера
Ношир(он) Victor Talking Machine Company[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  4. 4.0 4.1 https://www.operavivra.com/artists/tenors/caruso-enrico
  5. 5.0 5.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118667335 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  6. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.172. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)