Клавесинсози қадимии торӣ - забонакдори мусиқист, ки дар асрҳои XVI–XVIII хеле васеъ паҳн гардида буд.

Таърих вироиш

Пеш гузаштаи бевоситаи вай симбалҳо (цимбалы) буда, кадоме, ки якҷоя кардани механизми клавишдорро алакай дар асри XIV оғоз намуданд. Аммо маълумоти аниқ дар хусуси клавесин ба аввали а. XVI мансуб аст. Дар он вақт таклифҳои асосноки махсуси соз муайян карда шуданд: намуди клавесин бо рояли ҳозира шабоҳат дошт; торҳо бо дарозии ҳархела ва ҷӯршавӣ дар садобарории тарзи пучиданд оварда шуданд. Садои клавесин дар он давра каму беш пурқувват, вале ҷиҳати динамикӣ якхела буд. Дар мамлакатҳои мухталиф клавесин ва намудҳои он номҳои гуногун доштанд: дар Англия - арпсихорд, вёрджинел; дар Итолиё - клавичембало (кӯтоҳшудааш-чембало); дар Фаронса - спинет. Дар охири асри XVIII ҷои клавесинро (мисли клавикорд) оҳиста-оҳиста фортепиано танг кард. Дар солҳои охир ҳавасмандӣ нисбати клавесин зиёд шуда истодааст, ба сабаби он ки мусиқии қадимиро дар ҳайати сози аслӣ мехоҳанд иҷро кунанд, зиёд шуда истодааст.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.177. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)