Комазойӣ[1] (форсӣ: کامه‌زایی‎), гаметогенез (аз гамета ва юн. genesis — пайдоиш, ба вуҷуд омадан) — ҷараёни ташаккул ва рушди комаҳо (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ).

Пайдоишу нумӯи комаҳои модина (тухмҳуҷайра) овогенез, комаҳои нарина (нутфа) сперматогенез ном дорад. Гонотситҳо — ҳуҷайраҳои ибтидоии ҷинсӣ, ки дар ҳамбастагӣ ҷанини ҷинси (гонобласт)-ро ба вуҷуд меоранд, саромади ҳуҷайраҳои комаҳоанд. Гонотситҳои бархе аз ҳайвонот дар онтогенез зуд ҷудо мешаванд (мас., дар аскаридаҳо дар давраи ҷанини 16-ҳуҷайрагӣ яке аз бластомерҳо ба гонотсит гузашта, дар оянда ба ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷинсии организм ибтидо мегузорад). Маҳсули Г. ва сифати ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (мас., серҳаракатии нутфа) ба ҳолати организм вобастагӣ дорад. Норасоии витамин (алалхусус витамини Е), ихтилоли ҳормонҳо ва тағзияи нодуруст боиси комилан маълул (атрофия) шудани ғадуди ҷинсӣ мегардад. Дар ҳолати барои ҳаёт мусоид сохтани шароити зиндагӣ мумкин кори ғадудҳои ҷинсӣ комилан ё қисман барқарор шавад. Афканишоти ионнок ба Г. таъсир мерасонад. Дар баъзе ҳайвонот (моҳӣ, обхокиҳо) зери таъсири маводди кимиёӣ, ҳарорат ва ғайра комаҳои модина дар организми нав бордор нашуда, (ба ном партеногенез) инкишоф меёбанд. Баъзан дар организмҳо (мас., дар обсабзи бӯри Ectocarpus siliculosus) ҳодисаи андрогенез (инкишофи организм аз комаи нарина) ба мушоҳида мерасад. Олими рус Б. Л. Астауров бо роҳи шуоъзании ядрои тухми кирмак ва баъдан бо нутфаи ҳамон ё дигар намуд бордор кардани он, андрогенези сунъӣ ба вуҷуд овард.

Эзоҳ вироиш

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Комазойӣ чист? Маънои комазойӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 18 марти 2020 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Дубников А. С. Основы генетики и селекции. М., 1997;
  • Лемеза Н. А. Морозик М. С., Морозов Е. И. Биология. М., 1999;
  • Кузнецов С. А., Мушкамбаров Н. Н. Гистология, цитология и эмбриология. М., 2012.

Сарчашма вироиш