Комил Низомович Дабуров (23. 04. 1948, шаҳри Қўрғонтеппа), доктори илми тиб (1998), профессор (2000).

Комил Дабуров
Комил Низомович Дабуров
Таърихи таваллуд 4 январ 1953(1953-01-04) (71 сол)
Зодгоҳ Қурғонтеппа ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Қурғонтеппа, Шуъбаи тандурустии Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Донетск (1973). Духтури санитарии Бунгоҳи санитарии эпидемиологии шаҳри Қўрғонтеппа (1973-1975), ходими хурди илмии Институти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе (1975-1976), аспиранти кафедраи гигиенаи Институти давлатии тиббии 2-юми Маскав (1976-1979), духтури вирусшиноси стансияи санитарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия (1980-1981), сарэпидемиологи Шуъбаи тандурустии Душанбе (1981-1989), сардухтури Бунгоҳи гандзудоии Душанбе (1989-2001) ва ҳамзамон ассистенти кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1996-1998), мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист (аз 1998), декани факултаи пешгирии бемориҳо (2001-2005) ва декани факултаи ҳифзи тандурустии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (аз 2005) кор кардааст. Таҳқиқоташ ба масъалаҳои гигиенаи истифодаи васоити микробиологии ҳифзи рустанӣ, сирояти дохилибеморхонагӣ, ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ бахшида шудаанд. Бобати ҷанбаҳои беҳдоштӣ ва экологии истифодаи васоити микробиологии ҳифзи рустанӣ дар заминаи Bac. thuringiensis дар кишоварзии Тоҷикистон ковиши илмӣ анҷом бахшидааст. Теъдоди таълифоташ ба 250 мерасад.

Осор вироиш

Гигиеническое обоснование регламентов применение бактериальных ансектицидов на основе BACILLUSTHVRINGIENSIS в сельском хозяйстве. – М., 1980; Гигиенические и экологические аспекты применения микробиологических средств защиты растений на основе Bacillvsthuvinqiensis в сельском хозяйстве Таджикистана: Дисс…доктора мед. наук. – Д., 1998; Методические указания по применению антисептического средства. – Д., 2005 (соавтор); Руководство по управлению человеческими ресурсами системы здравоохранения Таджикистана. – Д., 2008, Асосҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим. – Д., 2015 (соавтор); Беҳдошти кўдакон ва наврасон.Курси лексияҳо. – Д.. 2015 (ҳаммуаллиф).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 156.