Компас (қутбнамо) (итолиёвӣ: compasso — чен мекунам, ва аз compassare — «бо қадам чен кардан») — асбобест барои муайян намудани самти қутбҳои Замин. Компас аз рӯи тарзи кор магнитӣ, гироскопӣ, офтобӣ, радиоӣ ва радиоастрономӣ мешавад. Асбоб барои муайян намудани самти меридиани географӣ ё меридианаи магнитӣ. Принсипи кори компаси магнитӣ ба хосияти дар самти шимолу ҷануб қад-қади меридианаи магнитӣ ҷойгиршавии ақрабаки магнитӣ асос ёфтааст. Компаси гороскопӣ бошад, дар асоси дар ҳамвории меридианаи географӣ мустақилона ҷой гирифтани тири ротори овехташудае, ки бо ёрии таҷҳизоти махсус тез давр мезанад, кор мекунад. Компаси офтобӣ ё компаси (астрономӣ) ба мушоҳидаи бефосилаи Офтоб, компаси радиоӣ ба ҳодисаи дар самтҳои маълум қабул гардидани радиомавҷҳои аз радиостансияҳо ирсолшаванда.

Компас

Адабиёт вироиш

Сарчашма вироиш

, Ҷилди 3, саҳ 411.

Нигаред вироиш

Тарафҳои олам
Шимол | Ҷануб | Ғарб | Шарқ