Кори иҷборӣ — истилоҳи умумӣ барои гунаҳои бигорӣ аст, ки зиндониён дар бархе кишварҳо дар ҳангоми сипарӣ сохтани муддати ҳабс, маҷбур ба анҷоми он ҳастанд.

Дар Тоҷикистон вироиш

Меҳнати иҷборӣ тибқи моддаи 35 Конститутсияи ҶТ ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба меҳнат дорад. Дар баробари ин машғул нашудан ба меҳнат асоси ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ меҳнати маҷбурӣ, яъне фаъолияти меҳнатӣ, ки бидуни ризоияти корманд сурат мегирад, манъ аст. Чунин корҳо меҳнати иҷборӣ ҳисоб карда намешаванд:

  • корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хидмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;
  • корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;
  • корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешавад. Дар ин сурат кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида, ширкатҳои

хусусӣ гузоштан мумкин нест.

Давомнокии вақти корӣ, қоидаҳои муҳофизати меҳнат, техникаи бехатарӣ нисбат ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда тибқи қонунгузории кории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Маҳкумшудагони коркунанда ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола ҳукуқ доранд: бо давомнокии ҳаждаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар колонияҳои тарбиявӣ адо мекунанд; бо давомнокии дувоздаҳ рӯзи корӣ барои онҳое, ки маҳрумӣ аз озодиро дар дигар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд. Меҳнати ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда мутобиқи қонунгузории кории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 290