Коса (форсӣ: کاسه‎) — зарфи рӯзгор барои андохтан ва нигоҳ доштани таомҳои гуногун аст.

Коса аз давраҳои асри санг маълум аст. Дар Осиёи Миёна косаҳои сафолини мунаққаши мансуб ба ҳазораи дуюми то мелод ёфт шудааст. Аввалҳо косаро аз лой дастӣ месохтанд, ки нисбатан дағал буд. Дар асри биринҷӣ бо пайдоиши чархи кулоли шакл ва нақшу нигори коса такмил ва косагарӣ ҳамчун касби махсус ташаккул ёфт. Вобаста ба масолеҳ косаҳо сафолин, чинӣ, мисин, чӯбин, сирдор, бесир ва ғайра мешаванд.

Эзоҳ вироиш