Леонид Григоревич Михайлов (Зодрӯз 28 феврали соли 1928) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1967), профессор (1967). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007)

Леонид Михайлов
Леонид Григоревич Михайлов
Таърихи таваллуд 28 феврал 1928(1928-02-28)
Зодгоҳ д. Михайловкаи Бошкирдистон (Русия)
Таърихи даргузашт 15 март 2015(2015-03-15) (87 сол)
Кишвар
Фазои илмӣ академик,олим
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Донишгоҳи давлатии Қазонро хатм кардааст (1950), ихтисос – «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, физикаи математикӣ ва таҳлили математикӣ.

  • Мудири бахши математикаи ДДТ (1959-1963),
  • мудири бахши муодилаҳои интегралии (1963-1969) Шуъбаи математика ва физика (аз соли 1964 ИФТ) АИ ҶШС Тоҷикистон,
  • мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи Горкий (1969-1971),
  • мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикии (1971-1999) Шуъбаи математика бо МҲ (аз с.1973 Институти математика бо МҲ, с.1994 Институти математика),
  • мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикӣ Институти математикаи АИ Тоҷикистон (1999-2005),
  • мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии (2005 – то имрӯз) Институти математикаи АИ Тоҷикистон,
  • и.в. ноиби президент ва раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика ва химияи АИ Тоҷикистон (1993 - 1994).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали Донишгоҳи Лютер (Олмон) ва медали ҷашнии 100-солагии академики АИР М.А.Лаврентев тақдир шудааст.

  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
  • Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с

Пайвандҳои беруна вироиш