Лорена Рохас

Ҳунарпеша, мудел ва овозхони мексикӣ

Лорена Рохас (номи пурра Сейди Лорена Рохас Гонсалес; исп. Seydi Lorena Rojas González; 10 феврал 1971, Мехико — 16 феврал 2015, Майамӣ[1]) — ҳунарпеша, модел ва сарояндаи мексикӣ[2]. Ӯ бисёртар дар теленовелаҳои Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ намудааст.

Лорена Рохас
исп. Lorena Rojas
Ном ба ҳангоми таваллуд: Seydi Lorena Rojas Gonzalez
Таърихи таваллуд: 10 феврал 1971(1971-02-10)
Зодгоҳ: Мехико, Мексика
Таърихи даргузашт 16 феврал 2015(2015-02-16) (44 сол)
Маҳалли марг: Майамӣ, Флорида, ИМА
Шаҳрвандӣ:  Мексика
Касб: ҳунарпеша
сароянда
мудел
Корнома: 1990-2015
Ҷоизаҳо: Los Premios MTV Latinoamérica
IMDb: ID 0737820
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Волидайни Лорена ҳангоми кӯдакӣ ҷудо шуданд. Падар модари Лорена Илдаро бо се фарзанд гузошта, ба ватанаш ба Коста-Рика рафт. Лорена хоҳари бузургӣ Майра ва бародар Уолтер дошт.

Лорена пас аз хатми мактаб маҷбур шуд, ки ширинӣ фурӯшад ва аз ин ҳисоб рӯзғорашро пеш барад. Хоҳари калонии ӯ Майра Рохас (ки дар он вақт ҳунарпеша буд) аз кӯдакӣ дар Лорена истеъдоди ҳунариро дида, ба ӯ маслиҳат додааст, ки худро дар ин самт бисанҷад. Пештар, Лорена кӯшиш мекард, ки байторӣ ва фалсафаро омӯзад.

Фаъолият вироиш

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1990 вақте оғоз кард, ки дар теленовелаи Alcanzar Una Estrella, ки аз ҷониби Televisa таҳия шудааст, иштирок кард. Ин теленовела чунон муваффақ гардид, ки соли оянда ӯ ба сабти силсилафилми Alcanzar Una Estrella II даъват шуд. Дар байни солҳои 1992 ва 1997 вай дар якчанд намоишномаҳои телевизионӣ, аз ҷумла Buscando El Paraiso, Bajo Un Mismo Rostro ва El Alma No Tiene Color, то даме ки дар соли 1998 ба TV Azteca имзо гузорад, нақш бозидааст.

Худи ҳамон сол, ӯ дар драмаи даврии Azul Tequila нақш бозида, бо Маурисио Очманн ҷуфтро иҷро намуд, ки баъдтар бо ӯ соли 2001 дар Como En El Cine нақш бозид. Соли 2001 инчунин албоми дебютии Рохасро ҳамчун сароянда Como Yo No Hay Ninguna, аз тарафи сурудҳои нависанда ва продюсер Ричард Даниел Роман сабт шуд. Соли 2003, Рохас ба Telemundo имзо гузошт ва баъдтар ҳамон сол дар теленовелаи Ladrón De CorazonesМаноло Кардона нақш офарид. Соли 2005, ӯ дар қатори Андрес Гарсиа, Марио Симарро, Эрик Элиас ва Соня Ноемӣ ва дигарон, ки дар силсилафилми телевизиони El cuerpo del deseo нақш бозид, ки муваффақияти байналмилалӣ гардид, ки аз ҷониби Telemundo пахш шудааст. Соли 2006 ӯ албоми дуюми худро Deseo баровардааст.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Лорена соли 2001 ба Патрик Шнаас хонадор шуда, ки соли 2005 аз ҳам ҷудо шудааст. Баъд аз муддате ӯ бо тоҷири испониёи Хорхе Монхес ақд намудаанд. Ин ҷуфт духтарчаеро (Лусиана Рохас) ба фарзандӣ қабул намуданд, ки таърихи таваллудаш 6-уми октябри 2013 мебошад[3].

Вафот вироиш

Тирамоҳи соли 2008 дар Лорена бемории саратони сина пайдо намуданд. 9 декабр ӯ дар Майами ҷарроҳӣ шуд, ки бо муваффақият анҷом ёфт. Вале дертар аҳволи Лорена бад шуд, бемори ба дигар узвҳо реша давонд. Ҳунарпеша 16 феврали 2016 аз бемории саратони ҷигар аз олам даргузашт[4].

Ҷоизаҳо вироиш

  • 2002 — ҷоизи «Los Premios MTV Latinoamérica» дар категорияи «MTV North Feed (mostly Mexico) — Hottest Girl (Mamacita del Año)».

Филмнома вироиш

Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
1990 Alcanzar una estrella Соро дел Рио
1991 Alcanzar una estrella II Соро дел Рио
1992 Бо ман бирақс Baila conmigo Росарио
1992 Más que alcanzar una estrella Паулина Бонита
1993 El triste juego del amor Тереса
1993 Дар ҷустуҷӯи биҳишт Buscando el paraíso Лолита
1994 La quebradita Рита
1995 Bajo un mismo rostro Каролина
1995 Morena Даниэла
1996 Суруди ишқ Canción de amor Анна
1997 El alma no tiene color Анна Луиса Ролдан
1998 Azul tequila Каталина
1998 Tentaciones Хулия Мунос
1999 El candidato Беатрис
2001 Corazones rotos Тереса
2001 Como en el cine Изобел Монтеро
2001 Lo que callamos las mujeres Диана
2003 Ladrón de corazones Вероника Вега
2004 Zapata: Amor en rebeldía Роса Эскандон
2005 Volver al paraíso Хулия Толедо
2005 Сафари дигар El cuerpo del deseo Изобел Арроё
2007 Decisiones Лорена
20072008 Гуноҳи дигарон Pecados ajenos Наталя Руис
2010 Entre el amor y el deseo Клаудия Фонтана Мартинес
2013 Росарио Rosario Присила Павон
2014 Sangre en el Diván Вероника Гарсия

Эзоҳ вироиш

  1. Muere la actriz Lorena Rojas víctima de cáncer(исп.). El Universal (16 de febrero de 2015). 17 феврали 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 май 2015.
  2. Lorena Rojas, the Hispanic actress Lance Armstrong chose as his heroine. 19 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Январ 2019.
  3. Jorge Calvillo. Actress Lorena Rojas Becomes A Mother By Adoption(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Latinos Post (Oct 16, 2013). 13 ноябри 2013 санҷида шуд.
  4. Mexican actress passes away aged 44 after battle with cancer, independent.co.uk (16 February 2015). Проверено 17 феврали 2015.