Людвиг Бюхнер (Buchner) (29.9.1824, Дармштадт – 1.5.1899, ҳамон ҷо), духтур, табиатшинос ва яке аз намояндагони фалсафаи механистӣ дар Ғарб. Дар оилаи духтур таваллуд ёфта, баъди маълумоти миёна ба Университети Гиссен дохил шуд. Забони фаронсавиро хеле хуб медонист. Дар фалсафаи Ғарби нимаи дуюми садаи XIX равияи механистиро тарафдорӣ мекард, аз ин рӯ, Ф. Энгелс ӯро ҳамроҳ бо К. Фохт ва Я. Малешотт ба материализми вулгарӣ айбдор намуда буд. Рисолаҳои «Инсон мутобиқи илм» ва «Ишқ ва муносибати ошиқона дар олами ҳайвонот» (1881) ба ӯ мутааллиқанд. Асари машҳуртаринаш ‒ «Қувва ва материя». Ӯ дар фалсафа бештар тарғибгари дастовардҳои илмӣ, истифодабарандаи навовариҳои илму фалсафа бо далелу бурҳонҳои дақиқ маълуму машҳур мебошад. Бюхнер тарғибгар ва интишордиҳандаи ғояҳои таълимоти дарвинизм низ буд.

Людвиг Бюхнер
Таърихи таваллуд 29 март 1824(1824-03-29)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 май 1899(1899-05-01)[2][3][4][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори тиб[d] (1848)
Имзо Имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  3. 3.0 3.1 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  5. 5.0 5.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118667939 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.