Мавлуда Муродовна Раҳимова (07.11.1952, Душанбе) — доктори илми тиб (2012). Аълочии соҳаи тандурустӣ.

Мавлуда Раҳимова
Мавлуда Муродовна Раҳимова
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1952(1952-11-07) (71 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ҷоизаҳо

медали «Барои меҳнати шоён», Аълочии соҳаи тандурустӣ.

|}

Зиндагинома вироиш

Мавлуда Муродовна Раҳимова соли 1976 факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм карда, ба сифати духтури интерн чанде фаъолият доштааст. Солҳои 1977-1986 мудири шуъбаи сурдологопедияи ҷумҳуриявӣ, 1987-1992 мудири шуъбаи бемориҳои гўшу гулӯ ва бинии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии рақами 3, 1993-2003 ассистенти кафедра ва аз 2004 дотсенти кафедраи беморҳои гўшу гулў ва бинии ДДТТ ба номи Ибни Сино мебошад. Раванди бемориҳои гўшу гулў ва бинии занони ҳомиларо мавриди таҳқиқ қарор дода, бобати шунавоии фазоӣ барои ахбори нутқӣ ва аҳамияти он дар ташхиси аудиологӣ андешаҳои ҷолиб баён доштааст.[1]

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр шудааст.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013. – С.106. ISBN 978-99947-958-2-6
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 485.