Маданияти Ҳисор - маданияти бостонии неолитие, ки давраи охирини асри сангро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Ба ҳазораҳои VII – II пеш аз милод мансуб аст. Ёдгориҳои Маданияти Ҳисорро соли 1948 А.П. Окладников кашф кард. Солҳои гуногун дар маҳалҳои алоҳида А.П.Окладников (Кӯҳи Булиён), В.А. Ранов (Тутқавул), А.Х.Юсуфов (Сойи Сайёд) ва диг. ҳафриёт гузарониданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 300 маҳалли дорои бозёфти археологии Маданияти Ҳисор маълум аст. Маданияти Ҳисор асосан дар соҳилҳои дарёҳои Яхсу, Қизилсу, Вахш, Кофарниҳон ва заминҳои байни ин дарёҳо паҳн буд. Бошишгоҳҳои Маданияти Ҳисор дар баландии аз 500 – 700 то 1000 – 1500 м аз с. б. воқеъанд. Бозёфтҳои шаклан ба Маданияти Ҳисор монанд дар Помири Шарқӣ ва баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёна дучор меоянд.

Бозёфтҳои "Маданияти Ҳисор"

Масоҳати аксарияти бошишгоҳу қасабаҳои Маданияти Ҳисор аз 0,5 га зиёд нест. Тутқавул ва Сойи Сайёд (7000 м2), Кӯҳи Булиён (1500 м2) калонтарини онҳоанд. Хусусияти асосии бошишгоҳҳои Маданияти Ҳисор ғафсии қабати археологӣ аст, ки то ба 2,5 м мерасад, оташдонҳо нимдоираанд ва деворҳои онҳо аз сангҳои хурду калон сохта шудаанд. Андозаи миёнаи оташдонҳо 1х1м буда, росткунҷа, мудаввар ва доирашакланд. Оташдонҳои чуқуриашон 15 – 30 см дар масофаи 1,5 – 2 м аз якдигар воқеъ гаштаанд. Хусусияти дигари бошишгоҳҳои калони Маданияти Ҳисор дар ин, ки майдончаҳои суфамонанди серқабат аз порчаҳои оҳак, шағалҳои шикаста ва бутун сохта шудаанд. Дар дохили ҳамаи онҳо осори оташдон ҳаст. Эҳтимол, иқоматгоҳҳои ба тарзи нимзаминкан сохташуда низ вуҷуд доштанд, ки дар ин бора чуқуриҳои якметраи қутрашон 12 м шаҳодат медиҳанд. Аксарияти олоту маснуоти Маданияти Ҳисор сангӣ аст. Дар баъзе бошишгоҳ олоту маснуоти сафолӣ ба назар расад ҳам, Маданияти Ҳисор маданияти ғайрисафолии давраи неолит ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ бисёр маснуоти сангӣ ёфт шудааст. Фақат бозёфти Тутқавул зёда аз 40 ҳаз. мебошад. Бештар олоту маснуоти аз қайроқсанг сохташуда (корд, қашав, теғи дос) вомехӯранд. Иттифоқи қабилаҳоеро, ки Маданияти Ҳисорро офаридаанд, иттиҳоди этникӣ ҳисобидан мумкин аст, зеро аз ёдгориҳои Ҷайтун ва маданияти Калтаманор ба андозае фарқ дорад. Мардуми Маданияти Ҳисор асосан бо шикор, чорводорӣ ва қисман бо деҳқонӣ машғул буд.[1]

Бозёфтҳои ҳафриётии олоту маснуоти Маданияти Ҳисор дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 346