Мазори Хоҷатӯғ дар самти шимолии деҳаи Сайёд ҷой гирифтааст. Мазори Хоҷанайнавоз дар байни деҳаҳои Сайёд ва Лучоби ноҳияи Варзоб қарор дорад. Дар назди мазор чашмаест, ки ба зиёрат омадагон аз оби он менӯшанд ва бо худ мебаранд. Хоҷанайнавоз чӯпони накӯкоре будааст. Аз деҳаи Сайёд 5-6 км дуртар мазори Хоҷабед дар байни анбӯҳи дарахтони беду тӯғ мавқеъ дорад. Мазори Хоҷасафедор аз мазори Хоҷабед тақрибан 7-8 км дуртар дар қисмати шим. деҳа, дар иҳотаи дарахтони сафеддор ҷойгир аст..[1]

Адабиёт вироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258