Мазори Чилтан - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мазори Чилтан дар назди осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ҷойгир аст, ки ба қавле, дар ин мазор чиҳил тан аз пирони тариқат ба хоби абад рафтаанд. Оби маъдании шифобахш ба осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз зери ҳамин мазор тавассути лӯлаҳо меравад, ки ба бисёр бемориҳо даво мебахшад. Мардум ба зиёрат омада чорвое қурбонӣ мекунанд ва дуо мехонанд..[1]

Адабиёт вироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258