Мазори домулло Муҳаммадшариф

Мазори домулло Муҳаммадшариф - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дафнгоҳи ин марди соҳибмаърифат дар деҳаи Мавлоншарифи Ҷамоати Ҳисор ҷойгир аст. Дар деҳаи Лаклакхона чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аҳли оилаашон ба Ҳисор кӯчида меоянд ва вай дар мадраса таҳсил мекунад. Барои давом додани таҳсил ба Бухорои Шариф меравад. Дар натиҷаи инқилоби Бухоро ба Ҳисор баргашта, роҳи тариқатро пеш мегирад. Домулло Муҳаммадшариф аз шоирони садаи XIX-и Ҳисор буда, дар тазкираи Муҳтарам бо тахаллуси Ғамгин низ ёдрас шудааст.[1]

Адабиёт вироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258