Малика Қаландарова

Малика Қаландарова (Мазол Яшуваевна Колонтарова (зод. 2 сентябр 1950, Сталинобод) — раққоса, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1984).

Малика Қаландарова
Мазол (Малика) Яшуваевна Калантарова
Сурат
Таърихи таваллуд 2 сентябри соли 1950
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша ҳунарпеша, раққоса
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Малика Қаландарова 2 сентябри соли 1950 дар шаҳри Сталинобод дар оилаи Яшува Колонтаров ва Тамара Ханимова Колонтарова, яҳудиёни бухорӣ, ки аз Самарқанд ба шаҳри Сталинобод омада буданд, таваллуд шудааст. Соли 1965 М. Қландарова дар Тоҷикистон аввал дар дастаи худфаъолиятии «Захираҳои меҳнатӣ» ҳунарнамоӣ мекунад ва сони ба ансамбли рақсии «Лола» омад ва бо роҳбарии Ғаффор Валаматзода ҳамчун раққосаи бомаҳорат ба камол расид. Аз соли 1980 то 1991 — дар ансамбли рақсу суруди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳанарнамоӣ кардааст. Дар кино ҳам ӯро ба навор гирифтаанд.

Эҷодиёт вироиш

Қаландарова рақсҳои тоҷикии «Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кӯҳсор», «Мор», рақсҳои афғонии «Бобоқирон», японии «Сахура», «Баҳор», туркии «Муҳаббати ман», русии «Коробейники», ҳиндии «Олиҳа», испании «Фламенко», хоразмии «Лазгӣ», арабии «Орзу» ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Ҳаракатҳояш мавзун, мутаносиб ва дилрабо буда, ҷузъиёти рақсаш бо услуби хос иҷро мешавад. Қ. либосҳои шинаму пурҷилоро (бештари либосҳояшро худаш медӯхт) истифода бурда, рақсҳояшро боз ҳам мақбултару дилчасптар мегардонид. Ҳар як номераи рақсиашро бо шавқу ҳаваси адонашаванда иҷро намуда, онҳоро бо маҳорату эҳсоси баланд ифода мекард. Ҳангоми иҷрои рақсҳои халқҳои гуногун дар ифодаи хислат, хусусият, мувофиқати либос, мусиқӣ ва зарбу усул эътибори ҷиддӣ медод. Беҳтарин рақсҳои Қ. қисми достон, банду баст, ҷараёни инкишоф ва нуқтаи кулминатсионӣ доштанд. Дар санъати Қаландарова суруру шодӣ, зиндадилӣ ва ҳисси некбинӣ ифода меёфт. Ба хориҷа, аз ҷумла Ҳиндӯстон, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Юнон ва ғ. сафари ҳунарӣ кардааст. Лауреати Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1984), Лауреати Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Берлин (1943). Бо диплом ва медали тилои фестивал мукофотонида шудааст.[1]

Аз соли 1993 дар Ню-Йорк Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқомат мекунад. Малика Қаландарова дар инҷо мактаби «Malika’s International Dance School», кушодааст ва духтаронро рақсҳои тоҷикӣ ёд медиҳад.

Пайвандҳо вироиш

Адабиёт вироиш

  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.198-199. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)