Малик Гиёев (20 сентябри 1920, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон — 20 сентябри 1993, деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).

Малик Гиёев
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1920(1920-09-20)
Зодгоҳ ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 сентябр 1993(1993-09-20)
Маҳалли даргузашт деҳаи Малик Гиёев, ноҳияи Бохтар
Пеша пахтакор
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1947
Ордени Ленин

Корнома вироиш

Солҳои 1934-50 колхозчӣ, муҳосиб, котиби идораи колхоз, мудири анбор, сардори звено, агротехники к-зи «Политотдел», 1950—1953 шунавандаи Мактаби кадрҳои колхозӣ, 1953—1960 агроном, ҷонишини раиси колхоз, агроном-энтомолог, мудири қитъаи кишоварзии к-зи ба номи В. И. Ленин, 1960—1964 агроном, сардори бригадаи сабзавоткории к-зи ба номи К. Маркс, 1965—1971 агрономи Стансияи таҷрибавӣ, 1971—1979 раиси шаҳраки Бӯстонқалъа, директори хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қӯрғонтеппа буд. Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Некдошт вироиш

Собиқ деҳаи Политотдели ноҳияи Кӯшониён номи Малик Гиёевро дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш