Мамадаёз Навҷувонов

Мамадаёз Навҷувонов (3 августи 1942, деҳаи Боғев, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ — 28 июли 2015, Душанбе, Тоҷикистон[1]) — давлатмард ва арбоби низомии тоҷику шӯравӣ, охири вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон (1989—1991) ва аввалин вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил (1991—1992), генерал-майор.

Мамадаёз Навҷувонов
Таваллуд 3 август 1942(1942-08-03)
Даргузашт 28 июл 2015(2015-07-28) (72 сол)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Order "For Service to the Homeland in the Armed Forces of the USSR" Order "For Service to the Homeland in the Armed Forces of the USSR", 3rd class ордени «Нишони Фахрӣ» Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "Veteran of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Medal "For Impeccable Service" Medal "For Impeccable Service", 1st class Medal "For Impeccable Service", 2nd class медал «Барои хизмати беҳамто» дараҷаи III Medal "To a Warrior-Internationalist from the Grateful Afghan People"
Навъи артиш Вазорати корҳои дохилӣ ва Soviet Internal Troops[d]
Рутба генерал-майор

Зиндагинома вироиш

Мамадаёз Навҷувонов 3 августи соли 1942 дар дар деҳаи Боғеви[2] ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1959 мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Шуғнони ВАКБ-и ҶШС Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти низомӣ вироиш

Соли 1961 ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мешавад. Баъди хидмат дар артиш ба омӯзишгоҳи низомии Ленинград дохил мешавад. Соли 1964 таҳсилашро дар Саратов идома медиҳад ва баъди хатми он барои кор ба Тоҷикистон ба ҳайси қумандони взводи таъйиноти махсус фиристода мешавад.

Ӯ тайи солҳои 1970—1975 дар шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (он вақт ба номи Ленин) таҳсил мекунад. Соли 1979 бошад, Академии олии ҳарбии ба номи Фрунзеи Маскавро ба итмом расонидааст.

Баъдан, дар зинаҳои гуногуни фармондеҳии нерӯҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Шӯравӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст.

Аз соли 1989 то моҳи марти соли 1992 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд[3].

Эзоҳ вироиш

  1. Итоги года от CA-News: Известные люди, ушедшие из жизни в 2015. Мамадаёз Навджуванов — бывший министр внутренних дел Таджикистана (3.08.1942 — 28.06.2015). Центральноазиатская новостная служба. Мир |Диалог: Таджикистан и мир.
  2. Генерал Мамадаёз Навҷувонов даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 19 феврали 2020 санҷида шуд.
  3. Даргузашти аввалин вазири умури дохилаи Тоҷикистони соҳибистиқлол(тоҷ.). Sputnik Tajik. 19 феврали 2020 санҷида шуд.