Манас Эпоси халқии қирғиз «Манас» миёни ёдгориҳои назми эпикиҳон халқҳои ҷаҳон мақоми махсус дорад. Он чун роҳнамои ҳаёти маънавии халқи қирғиз дар муддати асрҳои зиёд маъруфияти худро нигоҳ дошта ва имрӯз низ ҳар хонадони қирғиз метавонад ин ё он мазмун ё қисмати ин эпосро бозгӯ намояд. Эпоси «Манас» аз ҷиҳати ҳаҷм низ мӯштаҳам буда, дар бораи рӯзгору аҳволи се насли қахрамон – Манас, писараш Семитей ва набераи ӯ Сойтек маълумот медиҳад. Дар он ҳамаи пахлӯҳои ҳаёти таърихии халқи қирғиз дар муддати асрҳо инъикос мегардад. Ҳодисаву воқеаҳои сюжетофаранда дар эпос асосан ба ҳам бархӯрдани қабилаҳои кирғиз бо истилогарони бегона, ғорати тарафайни рамаву гала, мусобиқати сахти сарватмандони бо ҳам ҷанги, ғолибият ва мағлубият, барпо намдани маърака ва ҷашнҳои серодам буда, ғояи асоси он кушиши қабилаҳои қирғиз барои муттахидӣ, истиклол ва тавоноӣ аст.