Маниша Коирала (англ. Manisha Koirala, неп. मनिषा कोइराला, тав. 16 август 1970) - ҳунарпешаи непалӣ, ки дар Болливуд ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар оилаи сиёсатмадорони Непал ба дунё омадааст. Маниша духтари сиёсатмадор Пракаш Коирала ва набера сарвазир 22-юми Непал Бишвешвар Пракаш Коирала мебошад. Ӯ дорандаи якчанд ҷоизаҳо ба монанди Filmfare Awards, Filmfare Award South ва Screen Award мебошад. Соли 2001, Шоҳигарии Непал Манишаро бо ордени Дасти рости Горкҳа сарфароз намуд, ки ин дуюмин бузургтарин ҷоизаи Непал мебошад.

Маниша Коирала
Manisha Koirala
Ном ба ҳангоми таваллуд: Manisha Koirala
Таърихи таваллуд: 16 август 1970(1970-08-16) (53 сол)
Зодгоҳ: Катманду, Непал
Шаҳрвандӣ: Непал
Касб: ҳунарпеша, бозигари синамо, таҳиякунандаи филм, ходими ҷамъиятӣ, раққоса
Корнома: 1989 — то ҳол
Ҷоизаҳо: Ордени дасти рости Горкҳа
IMDb: ID 0463539
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Маниша Коирала 16 августи соли 1970 дар пойтахти Непал, Катманду дар оилаи чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ба дунё омадааст. Волидайни ӯ сиёсатмадор Пракаш Коирала ва ҳамсараш Сушма мебошанд. Бобои вай Бишвешвар Прасад Коирала аз соли 1959 то 1960 сарвазири Непал буд. Ду амаки бузурги вай сарвазир Гириҷа Прасад Коирала ва Матрика Прасад Коирала мебошанд. Хешованди вай Сушил Коирала низ сарвазир буд.

Вай таҳсили худро дар Варанасӣ дар Vasant Kanya Mahavidhyalaya (VKM) ва инчунин дар Деҳлӣ дар Army Public School, Dhaula Kuan (APS) гирифтааст.

Дар аввал ӯ мехост табиб шавад, аммо баъдан дар Болливуд ҳунарпеша шуд. Бародари вай Сиддҳарт Коирала низ актёр аст (онҳо соли 2007 дар филми "Анвар" якҷоя нақш бозидаанд). Соли 2004 Маниша Коирала дар Ню-Йорк дараҷаи коргардониро гирифт ва ба Ҳиндустон баргашта, узви ҷомеаи мустақили филмҳои мустанад шуд.

Эҷодиёт дар синамо вироиш

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Соли 2010 Маниша Коирала бо як тоҷири непалӣ издивоҷ кард ва соли 2012 аз ҳам ҷудо шуданд.

Моҳи ноябри соли 2012 ба Маниша Коирала гирифтори саратони тухмдонҳо ташхис шуда буд. Пас аз амалиёти дар ИМА гузаронидашуда, актриса худро хуб ҳис мекунад.

Филмнома вироиш

Ҷоизаҳо вироиш

Эзоҳ вироиш