‘’’ Мантиқии Розӣ ‘’’ (форсӣ: منطقی رازی ‎) Абӯмуҳаммад Мансур бинни Алӣ машҳур ба Мантиқии Розӣ — шоири садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ аз шоирони номдори Ироқи Аҷам ба ҳисоб меравад.

Мантиқии Розӣ
منطقی رازی
Номи пурра Абӯмуҳаммад Мансур бинни Алӣ
Зодгоҳ: номаълум
Таърихи даргузашт: 380 ҳ.қ
Шаҳрвандӣ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Зиндагинома вироиш

Абӯмуҳаммад Мансур бинни Алӣ Мантиқии Розӣ аз муосирони Соҳиб бинни Аббод. Вай дар шеъри дарӣ устод будааст ва шояд битвон ӯро қадимтарин шоири порсигӯи Ироқ донист. Вай зоҳиран дар байни солҳои 367 (ибтидои вазорати Соҳиб) ва 380 яъне соле, ки Бадеъуззамон Ҳамадонӣ ба хидмати Соҳиб пайваста буд фавт кардааст. Авфӣ гӯяд: «Соҳиби Аббод пайваста мутолиаи ашъори ӯ кардӣ ва дар он вақт, ки устод Бадеъуззамон Ҳамадонӣ ба хидмати ӯ пайваст дувоздаҳсола буд ва шеъри тозӣ сахт хуб мегуфт ва табъи файёз дошт.Чун ба хидмати Соҳиб даромад ӯро гуфт шеъре бигӯй! Гуфт имтиҳон фармой ва ин се байти Мантиқӣ бихонд ва гуфт инро ба тозӣ тарҷума кун, гуфт бифармой, ки ба кадом қофия, гуфт то, гуфт баҳр таъйин кун, гуфт: асраъ ё бадеъ фи албаҳр алсареҳ! Тарҷумаи Бадеъуззамон аз ин қитъаи Мантиқӣ аст:

Як мӯй бидуздидам аз ду зулфат,
Чун зулф зади эй санам башона.
Чунонаш ба сахти ҳаме кашидам,
Чун мур, ки гандум кашад ба хона,
Бо мӯй бахона шудам падар гуфт,
Мансур кадом аст аз ин дугона.

Намунаи осор вироиш

Як лафз н-ояд аз дили ман в-аз даҳони ту,
Як муй н-ояд аз тани ман в-аз миёни ту.
Шояд бадан, ки ояд жуфти камони хуб,
З-ин хам гирифта пушти ману абрувони ту.
Шизу шабеҳ надидам, мушки сиёҳу қир,
Монанди рӯзгори ману зулфакони ту.
Моно ақиқ н-орад ҳаргиз кас аз Яман,
Ҳамранги ин сиришки ману ду лабони ту.
Маҳи гардун магар бемор гаштаст,
Бинолиду танаш бигрифт нуқсон.
Сипар кирдори симин буду акнун,
Баромад бар фалак чун нӯки чавгон.
Ту гуфти хинги соҳиб тохтан кард,
Фиканд ин наъли заррин дар биёбон.
Дирам гар жуди ӯ дониста буди,
Зи конаш н-омади берун ба паймон.
Б-адин маънӣ пушаймонаст динор,
Набини зард рӯяш чун пушаймон? (1,433)

Адабиёт вироиш

• 1. Забебуллоҳ Сафо.- Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.1.-Теҳрон, 1389.- с.431-433 • •