Марк Ла́заревич Галлай (3 (16) апрел 1914, Санкт-Петербург — 14 июли 1998, Маскав) — халабон-озмоишгари шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ (1972), профессор (1994). Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1957).

Марк Галлай
Зодрӯз 16 апрел 1914(1914-04-16)
Таърихи даргузашт 14 июл 1998(1998-07-14) (84 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат Soviet Air Forces[d] ва нерӯи ҳавоӣ
Қисм полковник
Равобит
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Ленинград (1937), мактаби ҳавонавардон ва курсҳои ҳавонавардон-озмоишгарони клуби ҳавонавардии Ленинград. Аз соли 1937 дар Пажӯҳишгоҳи аэродинамикии марказии ба номи профессор Н. Е. Жуковский, Пажӯҳишгоҳи ҳавонавардии озмоишгарӣ (ҳоло ба номи М. М. Громов) кор кардааст. Солҳои 1941-43 дар ҷабҳа (фронт) 80 парвози ҷангӣ дошт. Қариб 125 навъи ҳавопаймоҳо, чархболҳо, планёрҳоро омӯхта, озмудааст. Таҷҳизоти паришро ба флаттер (лапишҳои бол), устуворӣ, идорашавандагӣ ва ғ. санҷидааст. Халабон-озмоишгари пешбари тайёраҳои МиГ-9, Ту-4, 3М, чархболҳои Ми-1 ва Як-100, дастурдеҳи аввалин лётчик-кайҳоннавардон (1960-61) буд. Дар Донишкадаи ҳавопаймоии шаҳри Маскав ва Академияи шаҳрвандӣ дарс додааст. Фанни хусусиятҳои «Аэродинамика ва идораи тайёраҳои реактивӣ»-ро таҳия кард.

Осор вироиш

Марк Галлай муаллифи қариб 30 асари илмӣ, очеркҳо ва ёддоштҳо дар бораи ҳавонавардон мебошад. Аввалин асари бадеии ӯ «Гузариш аз садди ноаён» будааст (1960). Марк Галлай аз соли 1975 комилан ба иншои асарҳои бадеӣ шурӯъ карда, худи ҳамон сол узви ИН ИҶШС гардид.

Фоизаҳо вироиш

Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурх, 2 Ҷанги Ватанӣ, ордени Ситораи Сурх ва 15 медал сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш