Маъруф Орифӣ

олими тоҷик

Маъруф Орифӣ (1907, вилояти Бухоро – 1978, ш.Душанбе) — доктори илмҳои педагогӣ (1970), профессор (1971).

Маъруф Орифӣ
Маъруф Орифӣ (Орифов)
Таърихи таваллуд 1907(1907)
Зодгоҳ вилояти Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 1978(1978)
Маҳалли даргузашт Душанбе ,
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти муаллимтайёркунии ш. Самарқанд, Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)
Ҷоизаҳо “Муаллими шоистаи Тоҷикистон”, «Аълочии маорифи халқи ИҶШС»

Зиндагинома вироиш

Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Соли 1929 Институти муаллимтайёркунии ш. Самарқанд ва 1939 Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)ро ба охир расондааст. Фаъолияташ пурра дар Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченко ҷараён гирифтааст. Солҳои 1939-1955 муаллим ва дотсент, 1955-1975 мудири кафедраи педагогика, аз соли 1975 то поёни умр профессори ҳамин кафедра буд. Беш аз шаст осори илмӣ ба ёдгор гузоштааст, ки дар миёни онҳо таҳқиқи афкори педагогии халқи тоҷик мақоми хосро дорост. Донишу малакаашро аз ҷавонони навкор дареғ надоштааст.

Осор вироиш

  • Из истории педагогической мысли таджикского народа. – Д., 1962. Часть 1; Д.,1965, Часть 2

Ҷоизаҳо вироиш

  • Унвони фахрии “Муаллими шоистаи Тоҷикистон” (1958)
  • нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ИҶШС».

Пайвандҳо вироиш